3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:54, Душанбе
04.06.2025 09:51

Австралия аз шаҳрвандонаш хост ба далели таҳдидҳои террористӣ ва одамрабоӣ ба Афғонистон сафар накунанд

Вазорати корҳои хориҷии Австралия бо нашри як изҳорот аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки бо далели таҳдидҳои бузурги террористӣ, одамрабоӣ ва боздоштҳои худрасона аз сафар ба Афғонистон худдорӣ кунанд.

Ин вазорат рӯзи 3-уми июн бо нашри як изҳорот шаҳрвандонашро даъват намуд, ки аз сафар ба Афғонистон худдорӣ кунанд, зеро вазъияти амниятӣ дар ин кишвар хеле нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Австралия хавфи баланди ҳамлаҳои террористӣ ва рабудани одамон дар қаламрави Афғонистон, аз ҷумла дар шаҳри Кобул вуҷуд дорад. Таъкид мешавад, ки дар ҳеч минтақаи Афғонистон наметавон ба амнияти пурра итминон дошт, зеро хатари ҳамлаҳо дар ҳамаи қаламрави ин кишвар густариш ёфтааст.

Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ дар Афғонистон дар муқобили хатари ҷиддии  боздоштҳои худрасона қарор доранд, ки ин нигарониҳоро дар мавриди амнияти шаҳрвандони хориҷӣ боз ҳам афзоиш медиҳад.

Ин ҳушдор аз сӯйи як кишвари ғарбӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки бисёре аз кишварҳо ба далели буҳронӣ шудани вазъияти амниятӣ дар Афғонистон аз шаҳрвандонаш хостаанд, ки ба ин кишвар сафар накунанд.

Коршиносони ниҳодҳои байналмилалии амниятӣ мегӯянд, ки вазъи ноором ва ғайриустувори Афғонистон ҳамоно идома дорад ва хушунату беқонуниятӣ имкони дастрасӣ ба ёрии башардӯстонаро маҳдуд ва амнияти сокинонро зери хатар қарор додааст.

Бо назардошти чунин вазъ мақомоти Австралия ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки ҳушдори расмиро ҷиддӣ гиранд ва то ҳадди имкон аз сафар ба Афғонистон худдорӣ кунанд, зеро вазъияти амниятӣ дар он ҷо ғайриқобили пешгӯӣ ва хеле хатарнок боқӣ мемонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.