Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмонии бузургтарин варзишгоҳ ошно шуданд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми июн бо ҷараёни корҳои сохтмонии Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Лоиҳаи бунёди калонтарин варзишгоҳ дар Тоҷикистон дар 15-уми марти соли 2019 аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ муаррифӣ шуда, ба сохтмони он санги асос гузошта шуда буд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки варзишгоҳи муҳташам дар майдони 9, 5 гектар бунёд шуда, дар он беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
“Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо барои фароҳамсозии инфрасохтори кор ва хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахт мусоидат мекунад” – зикр кардааст дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 –уми марти соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии калонтарин варзишгоҳ оғози расмӣ бахшида буданд.
Ҳоло ҷараёни тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқу интернет, хати обу корез, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо идома дорад.
Бар асоси нақша дар варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 36 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон, 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад. Ҳамчунин, дар варзишгоҳ 72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мешавад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст.
Ин аввалин варзишгоҳи бузург дар Тоҷикистон аст, ки бо стандартҳои муосири сохтмонӣ ва посухгӯ бо меъёрҳои муқарраркардаи ФИФА бунёд мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”