Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ронандагони таксӣ дар Маскав барои нагузаштан аз аттестатсия 5000 рубл ҷарима мешаванд
Дар шаҳри Маскав минбаъд рондагони таксие, ки аз аттестатcия намегузаранд, 5000 рубл ҷарима хоҳанд шуд.
Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав қароре имзо кард, ки бар асоси он ронандагоне, ки аз аттестатсия намегузаранд, 5000 рубл ҷарима мешаванд ва гузаштани аттестатсия барои ронандагони таксӣ ҳатмӣ мебошад.
Аттестатсияи ҳатмии ронандагони таксӣ дар шаҳри Маскав аз 1-уми марти соли 2025 ҷорӣ шудааст. Гузаштан аз аттестатсия барои ронандагон 20 дақиқа идома меёбад. Барои гузаштан аз аттестатсия ронандагон бояд ба 8 ё 9 суол посух гӯянд.
Дар ҷараёни аттестатсия донишу малакаи ронандагони таксӣ дар бахши ҷойгиршавии иншооти нақлиётӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва варзишӣ, биноҳои мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ санҷида мешавад.
Ронандагон бояд роҳҳои расидан ба иншооти мазкур, тартиби амал кардан дар ҳолатҳои фавқулода ва қоидаҳои хидмат ба мусофиронро донанд.
Аттестатсияи ронандагон ройгон буда, муҳлати эътибори он ду сол аст. Алексей Шапошников, раиси Думаи шаҳри Маскав мегӯяд, ки то имрӯз 160 ҳазор ронандагон ҳуҷҷати гузаштан аз аттестатсияро гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар миёни ронандагони таксӣ шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият мекунанд. Дар соли 2023 дар доираи форуми байналмилалии авруосиёии “Таксӣ” иттилоъ дода шуд, ки наздик ба 332 ҳазор ронандаи таксӣ дар пойтахти Русия, тақрибан 79 ҳазори онҳо шаҳрвандони Қирғизистон, 7 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва 5 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд