19 Сентябр 2026,
шанбе, 05:48, Душанбе
28.05.2025 08:12

Вақте Амрико дарҳояшро ба рӯи зеҳнҳои ҷаҳонӣ мебандад, Ҳиндустон бояд дарҳои худро боз кунад

Қудрати Амрико солҳост, ки аз ҷалби зеҳнҳои рӯшан ва пуштибонии онҳо ба воситаи сармоягузориҳои бузург ва муассисаҳои коромади таҳқиқотӣ маншаъ мегирад. Аммо бо як амали ҳайратовари харобкорона президент Доналд Трамп бо лағви виза ва қатъи будҷа ин бартариро тадриҷан аз байн мебарад. Барои Ҳиндустон ин метавонад як нуқати гардиши таърихӣ бошад. Вале барои Амрико ин фурӯпошии тадриҷии бузурги инноватсия аст.

Донишгоҳи Ҳарвард, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҳамчун пешвои ҷаҳон дар соҳаи маориф ва таҳқиқот шинохта мешуд, акнун ҳаққи қабули донишҷӯёни хориҷиро аз даст додааст. Беш аз 2,7 миллиард доллар маблағгузории таҳқиқотии федералӣ манъ шудааст. Донишгоҳи МИТ шумори қабули зинаи магистратураро коҳиш дода, кормандони таҳқиқотиро ихроҷ кардааст. Системаи Донишгоҳҳои Калифорния барои  ҳифзи маблағгузорӣ ба суд муроҷиат кардааст.

Лоиҳаҳо дар бахши таҳқиқоти саратон, илми иқлим ва ҳиссоббарориҳои квантӣ ё қатъ шудаанд ё пурра баста шудаанд. Ҳарчанд, ки як додраси федералӣ қарори ҳукумат бар зидди Ҳарвардро барои муддате боздошт, вале таъсири тасрноки он боқӣ мондааст. Паём ба донишҷӯён ва пажӯҳишгарони хориҷӣ рӯшан аст: Онҳо дигар дар ин кишвар хушиқбол нестанд ва масъала фақат дар бораи виза нест, сухан дар бораи инфрасохторест, ки Амрикоро ба як абарқудрати илм ва технология табдил дода буд.

Ин таназзул, хусусан дар заминаи дастовардҳои таърихии муассисаҳои таҳқиқотии Амрико фоҷеабор аст. Сармоягузориҳои давлатӣ ба илм дар донишгоҳҳо на фақат муъҷизаҳои тиббӣ ва инқилобҳои рақамиро ба вуҷуд оварданд, балки соатҳои тамоман навро низ.

Сармоягузорӣ ба пажӯҳишгоҳҳои миллии тандурустӣ ва бунёди миллии илм сабаби инкишофи соҳаи биотехнология, технологияҳои тозаи экологӣ (cleantect) ва нанотехнология шуд. Грантҳои  дар бахши таҳқиқоти мудофиа GPS ва интернети ибтидоиро ба вуҷуд оварданд. Инҳо решаҳои иқтисодии инноватсионии Иёлоти Муттаҳида мебошанд. Нобуд сохтани онҳо ба мисли кандани пояи як бинои осмонбӯс дар миёни сохтмон аст.

Беш аз нисфи стартапҳои Силкон Валлей ҳадди ақал як таъсисдиҳандаи муҳоҷир доштанд. Як севуми онҳо ҳиндутабор буданд. Таҳқиқоти ман дар донишгоҳи Дюк, Ҳарвард ва Берклии Калифорния нишон дод, ки соҳибкорони ҳиндӣ бештар стартапҳои Силкон Валлейро таъсис додаанд, назар ба муҳоҷирон аз Британияи Кабир, Чин ва Тайван. Ин ширкатҳо фақат сармоя ба вуҷуд наоварданд, онҳо садҳо ҳазор соат ҷойи кор барои амрикоиҳо ташкил карданд.

Ин ҷараён акнун дар ҳоли баста шудан аст. Солҳо сиёсатҳои маҳдудкунандаи муҳоҷират, ақибмонии музмини сабти грин-корт ва акнун душмании ошкорои сиёсӣ бисёре аз зеҳнҳои беҳтарини ҷаҳонро гурезонидаанд. Шумори донишҷӯёни хориҷие, ки ба донишгоҳҳои ИМА дохил мешаванд, бо суръат коҳиш ёфта истодааст. Олими сатҳи баланд ба кишварҳои бо муҳити дӯстона кӯч мебандад.

Акнун Трамп ба нобуд сохтани худи он донишгоҳҳое оғоз кардааст, ки даҳсолаҳо иқтисоди инноватсионии Амрикоро ғизо медоданд. Ҳамон муассисаҳое, ки G00gle, GPS  ва кокарди генро ба вуҷуд овардаанд, акнун устодонро аз кор озод мекунанд ва буҷаи озмоишгоҳҳоро коҳиш медиҳанд.

Грантҳои NIN ва  NSF таҳрикдиҳандаи хуни илми амрикоӣ ё шах шудаанд ё коҳиш ёфтаанд ва донишҷӯёне, ки Амрикоро қуллаи имконият мешумориданд, акнун ба ҷойҳои дигар менигаранд.

Зарари иқтисодӣ аз ин иқдомҳо зиёд аст. Донишҷӯёни хориҷӣ ҳамасола ба иқтисоди  Амрико беш аз 40 миллиард доллар саҳм мегузоранд. Онҳо маблағи пурраи таҳсилро мепардозанд, макон иҷора мегиранд, ғизо мехаранд ва бисёре аз онҳо дар оянда ширкатҳо таъсис медиҳанд ва патент ба қайд мегиранд. Сармоягузорӣ ба  таҳқиқот садҳо ҳазор ҷойи кориро дар ҳар иёлот таъмин мекунад ва асоси саноати ояндадорро мегузорад. Аммо зарари стратегии он боз ҳам бузургтар аст. Пешсафии Амрико дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, биотехнология ва энергияи тоза ба қобилияти он дар ҷалб ва нигаҳ доштани истеъдодҳои ҷаҳонӣ вобаста аст. Набудани ин низоми бунёшуда на фақат донишгоҳҳоро заиф мекунад, балки мавқеи Амрикоро дар иқтисоди ҷаҳонӣ зери хатар мегузорад.

Ва ин фақат сармоягузорӣ барои таҳқиқот нест, ки мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ин ҳамчунин, ба шахсоне дахл дорад, ки ин таҳқиқотҳоро зери суол мебаранд. Дар тӯли даҳсолаҳо Амрико аз бузургтарин пули ройгон дар таърихи таҳсил ва соҳибкорӣ баҳра мебурд: зеҳнҳои беҳтарини Ҳинд, Чин ва дигар кишварҳо барои таҳсил ба Амрико меомаданд. Онҳо на фақат меомӯхтанд, онҳо ширкат таъсис медоданд ва ҷойҳои корӣ эҷод мекарданд.

Акнун донишҷӯёни ҳиндӣ дубора меандешанд, ки оё Амрико ҳанӯз ҳам беҳтарин имкон барои таҳсил ва сохтани оянда ҳаст ё не. Дар шароити сиёсатҳои муҳоҷиратии номаълуми рӯзафзун ва коҳиши фазои боз Амрико дигар интихоби нахустин ва рушан нест.

Дар муқоиса Ҳиндустон рӯз ба рӯз бештар қобилияти ҷалб ва рушди истеъдодҳои ҷаҳониро пайдо мекунад. Муассисаҳои таҳқиқотии он қобилияти сатҳи ҷаҳониро нишон медиҳанд. Кишвар ваксинаҳои дастрас истеҳсол кард, муҳандисии сарфаҷӯёнаро рушд дод ва бо бахши ночизи буҷаи НАСА барномаҳои кайҳониро амалӣ кард.

Ҳиндустон дорои экосистемаи фазояндаи стартапҳо, дастрасӣ ба сармояи ҷаҳонӣ ва як бартарии муҳим бар Чин аст: низоми демократие, ки фазои боз, мубоҳиса ва ҳамкориҳоро пуштибонӣ мекунад.

Ҳиндустон ҳарчанд ҳанӯз омода нест, ки Амрикоро ба ҳайси қудрати илми ҷаҳонӣ иваз кунад, вале он дар мавқеи хубест, ки истеъдод ва неруи аз Амрико ҷудошударо ба худ ҷалб кунад. Аммо истифодаи ин фурсат фақат бо нигоҳи нек имконпазир аст. Ҳиндустон бояд ба инфрасохтори илмии худ сармоягузорӣ кунад, муҳити танзимкунандаро беҳтар созад ва ҳамкориҳои давлатӣ-хусусиро ташвиқ кунад.

Ҳиндустон бояд роҳҳоеро фароҳам кунад, ки олимони ҳиндутабори бурунмарзӣ баргарданд ва олимони хориҷӣ низ ҷалб шаванд. Муҳимтар аз ҳама, Ҳиндустон бояд илмро на ҳамчун як манфиати моддӣ, ҳамчун афзалияти миллӣ бипазирад. Шояд Трамп кумак кунад, ки Ҳиндустон боз бузургтар шавад.

Вивек Вадха,

нависанда ва коршиноси машҳури ҳиндӣ

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.