3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:55, Душанбе
27.05.2025 15:27

Толибон “причоскаи роналдоӣ”, бастани галстук ва пӯшидани шиму кастюмро манъ карданд

Масъулони идораи амр ба маъруфи гурӯҳи террористии Толибон дар иқдоми нав дар мулоқот бо коркунони сартарошхонаҳои Афғонистон даъват кардаанд, ки аз ороиши мӯй бо сабки ғарбӣ худдорӣ кунанд.

Онҳо гуфтаанд, ки лӯч кардани як қисми мӯйи сар ва боқӣ гузоштани қисми дигар бо шариате, ки онҳо тасаввур мекунанд, мувофиқат намекунад. Манзури Толибон аз тарошидани як қисми мӯйи сар ва гузоштани қисмати дигари он “шеваи ороиши мӯйи сари Роналдо” ё ба истилоҳ “причоскаи роналдоӣ” аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари гурӯҳи террористии Толибон рӯзи душанбе эълон кард, ки Нурмуҳаммад Ҳаққонӣ, муовини ин вазорат бо гурӯҳе аз масъулони сартарошхонаҳо суҳбат карда, меъёрҳои навро ба онҳо гӯшзад кардааст.

Ӯ дар нишаст бо масъулони сартарошхонаҳо гуфт, ки фармони амр бар маъруф ва найҳ аз мункар фақат вазифаи Толибон нест ва аз мардум хост, ки дар корҳои хусусии ҳамдигар дахолат кунанд. Шарифуллоҳ Ҳаққонӣ, як масъули дигари ин вазорати Толибон низ ба зарурти пешгирӣ аз шеваи ороиши мӯй бо сабки ғарбиро таъкид карда, аз масъулони сартарошхонаҳо хостааст, ки бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ кунанд.

Дар идомаи маҳдудиятҳо Вазири амр бар маъруф ва найҳ аз мункари Толибон бо пӯшидани шиму кастюм ва бастани галстук мухолифат карда, гуфтааст, ки ин шеваи либоспӯшии ғарбӣ ғайриқонунӣ аст. Ӯ таъкид кардааст, ки мардум вазифадоранд, дастури шариати ин гурӯҳро риоя кунанд.

Вазорати амр ба маъруфи гурӯҳи террористии Толибон тайи ду соли ахир сахт дар талош аст, ки қонунҳои сахтгиронаи эҷодкардаи Толибонро дар Афғонистон амалӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.