Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Роҳбарони полиси Тоҷикистон ва Эрон дар бораи “ҷиноятҳои созмонёфта, терроризм ва суботу амният” гуфтугӯ карданд
Ғайратшо Муборакшозода, муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сардор Муҳаммад Шарафӣ, ҷонишини полиси Фароҷои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон мулоқот намуда, масъалаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир, терроризм, мубодилаи иттилооту таҷриба ва суботу амниятро баррасӣ намуданд.
Ғайратшо Муборакшозода дар мулоқот бо Муҳаммад Шарафӣ аз меҳмоннавозии мақомот ва мардуми Эрон сипосгузорӣ карда, афзуд, ин мулоқот қадамҳои қатъӣ ва устувор дар самти густариши робитаҳо ва тақвияти созишномаҳои ҳосилшуда хоҳад буд.
Ғайратшо Муборакшозода таъкид кард, ки ҳамкориҳои миёни ду кишвар аз замони истиқлол то ба имрӯз идома дорад ва ин раванд бо сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон таҳким ёфтааст.
“Мо ифтихор мекунем, ки метавонем робитаҳои байни ду кишварро дар бахшҳои мухталиф густариш диҳем. Фарҳанги муштарак, забони ягона ва иртибототи амиқи миёни ду миллат дар таҳкими равобит нақши муассир хоҳанд дошт”- афзуд Ғайратшо Муборакшозода.
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайратшо Муборакшозода дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба афзуд, полиси ду кишвар дар самтҳои мухталифи ҷиноятҳои созмонёфта, қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ метавонанд ҳамкориҳои густурда дошта бошанд.
Ҷонишини полиси Фароҷои Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Шарафӣ дар ҷараёни мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ гуфт, Эрону Тоҷикистон ба аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм огоҳӣ доранд ва ҳамеша ба зарурати иқдомҳои муштарак таъкид мекунанд.
“Ин мулоқот ҳамчун қадами муҳимме дар роҳи тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими амният дар минтақа арзёбӣ мегардад ва нишондиҳандаи иродаи ҷиддии ҳар ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои амниятӣ мебошад” – гуфт Муҳаммад Шарафӣ.
Муҳаммад Шарафӣ аз аҳамияти фарҳанг, забон ва таърихи муштараки Тоҷикистону Эрон ёдовар шуда, афзуд, ин омилҳо метавонанд ҳамчун пояҳои мустаҳками ҳамкориҳои амниятӣ ва полисӣ дар миёни ду кишвар хидмат кунанд. Ӯ афзуд, ки бо назардошти таърих ва фарҳанги муштарак аз дер боз ду кишвар дар самтҳои мухталиф, махсусан дар бахшҳои иҷтимоӣ ва амниятӣ роҳҳои муштаракро тай кардаанд.
“Ин робитаҳои фарҳангӣ метавонад ба эҷоди эътимоди мутақобил ва афзоиши ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва мубориза бо таҳдидҳои дуҷониба мусоидат кунад. Талошҳои Эрон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва пешгирӣ аз густариши ин проблема ба кишварҳои дигар, ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ниёз дорад” – таъкид намуд Муҳаммад Шарафӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод