3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:48, Душанбе
26.05.2025 13:15

Роҳбари ҳукумати расмии Яман дар Русия бо Путин дидор макунад

Роҳбари расмӣ ва аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи Яман Ришод ал-Алимӣ қарор аст рӯзҳои 27-29-уми май ба Федератсияи Русия сафар карда, бо президент Владимир Путин мулоқот кунад.

“Сафари Шурои раҳбарии ҳукумати Яман ба Русия рӯзҳои 27-29-уми май сурат мегирад. Мулоқоти дуҷониба бо президенти Русия Владимир Путин дар нақша гирифта шудааст” – хабар дод РИА Новостӣ.

Ришод ал-Алимӣ моҳи апрели соли 2022 баъди он ки президенти пешини Яман Абд Раббо Мансур Ҳодӣ гуфт, ки дар қаламравҳои таҳти назорати ҳукумати аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ расман эътирофшуда Шурои раҳбарии президентӣ таъсис мешавад, ба сари қудрат омад. Ба ин Шуро сиёсатмадорони пешсафи шимол ва ҷануби Яман шомил шудаанд. Ҳукумати расмии Яман ҳоло дар шаҳри Аден  қарор дорад, зеро баъди ишғоли пойтахти Яман, шаҳри Санъо аз сӯйи гурӯҳи ҳусиҳо маркази ҳукумат аз он ҷо берун шуд.

Дар ҳоли ҳозир ҳусиҳои Яман дар аксари манотиқи Яман ҳукумат мекунанд. Ин гурӯҳ аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашудааст ва дар листи таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад.

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.