Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Толибон фурӯши осори Ҷалол Оли Аҳмад, Аҳмад Гулшерӣ ва дигар чеҳраҳои адабии Эронро манъ караанд
Гурӯҳи террористии Толибон дар як иқдоми тоза исми шоир ва нависандагони маъруфи эрониро дарҷ карда, хариду фурӯши осори онҳоро дар Афғонистон манъ кардааст.
Бар асоси иттилои расонаҳо, Толибон бо баҳонаҳои гуногун дар моҳҳои ахир маҳдудияти фурӯши китобҳоро дар дӯконҳои китобфурӯшии Афғонистон ҷорӣ кардаанд. Онҳо бо баҳонаи “мухолифи шаръ” будан китобҳои зиёдеро ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар рӯйхати нави Толибон хариду фурӯши осори адабии шоир ва нависандагони эронӣ, аз ҷумла Ҷалоли Оли Аҳмад, Аҳмад Гулшерӣ, Ҷуброн Халил, Алӣ Сафоии Ҳоирӣ, Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадалӣ Ҷамолзода, Ғуломҳусайн Соидӣ ва Ҳушанги Гулшериро манъ кардаанд.
Масъулони китобфурӯшиҳо дар Афғонистон гуфтаанд, ки мақомоти Толибон дӯкон ба дӯкон гашта, осори нависанда ва шоирони зикршударо ҷамъоварӣ мекунанд.
Гурӯҳи террористии Толибон баъди ҷорӣ кардани мамнуъиятҳои зиёд ба бозори китоб чашм дӯхта ва дар пайи ҷамъоварии китобҳоест, ки ба бовари онҳо бо “шариат” мухолифанд.
Огоҳон ба расонаҳо гуфтаанд, аксари китобҳое, ки Толибон дар феҳристи китобҳои мамнуъ қарор додаанд, муҳтавои адабӣ дорад ва мухолифи “шариат” нестанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард