3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:35, Душанбе
17.05.2025 08:02

Дар форуми Қазон ҳамкориҳои иқтисодии Русия бо кишварҳои исломӣ баррасӣ шуд

Дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия маросими ифтитоҳи ботантанаи “Русия – ҷаҳони ислом: Қазонфорум”, ки ҳадафаш тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Русия бо кишварҳои исломӣ аст, баргузор гардид.

Ифтитоҳи расмии форуми иқтисодии “Русия-ҷаҳони ислом: Қазонфорум” нишон дод, ки як платформаи стратегӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни минтақаҳои Русия ва ҷаҳони ислом дар ҳоли шакл гирифтан аст.

Дар форуми имсола меҳмонони зиёд, аз ҷумла Марат Ҳуснуллин, муовини сарвазири Русия, Рустам Миннихонов, раиси Ҷумҳурии Тотористон, Мулло Бародар, муовини сарвазири гурӯҳи террористии Толибон, намояндагон аз кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон ва тоҷирону намояндагони ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ ширкат намуданд.

Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин дар оғози ифтитоҳи форум дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Боз миқёси таъсирбахш аст. Имсол дар форум иштирокчиён аз беш аз 100 кишвар ва қариб тамоми минтақаҳои Русия гирди ҳам омаданд. Ин сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва байниминтақавӣ барои тиҷорат, сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои нав имкониятҳои васеъ фароҳам мекунад”.

Мақсад аз баргузории Форум асосан тақвият ва густариш додани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои исломӣ мебошад. Баргузор шудани он аз робитаҳои амиқи кишварҳои исломӣ бо Русия шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ин, Марат Ҳуснуллин таъкид кард, ки миқёси чорабинӣ, шумора ва намояндагии ширкаткунандагон ва географияи васеи кишварҳо “аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия ва давлатҳои исломиро на фақат манфиати муштарак, балки эҳтироми амиқ нисбат ба ҳамдигар муттаҳид мекунад”.

Марат Ҳуснуллин хабар дод, ки гардиши мол миёни Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар солҳои охир афзоиш ёфта, ба 163 миллиард доллар расидааст. Ӯ афзуд, ин далели густариши робитаҳои иқтисодии Русия бо кишварҳои исломӣ мебошад. Марат Ҳуснуллин афзуд, ки теъдоди сайёҳон аз кишварҳои исломӣ барои сафар ба Русия 2, 5 мароиба афзуда, ба 20 миллион доллар расидааст.

Муовини Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар умури иқтисодӣ доктор Аҳмад Кавеса Сенгендо ба аҳамияти маҳсулоти ҳалоли Русия ишора карда, афзуд, ки гардиши маҳсулоти ҳалол дар соли 2025 7, 7 триллион долларро ташкил дод ва то соли 2034 ба 9, 45 триллион доллар афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ таъкид кард, Русия дар ин бозор, ки гардиши маҳсулоти ҳалол 35% афзоиш ёфтааст, нақши муҳим дорад.

Форуми мазкур аз 13 то 17-уми май дар шаҳри Қазон баргузор мешавад ва дар он илова ба мавзуи ҳамкориҳои иқтисодӣ, мавзуъҳои мухталифи дигар низ баррасӣ мешаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.