Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Интерфакс: “Нархи гандум дар соли 2025 афзоиш хоҳад ёфт”
Дар бозори ҷаҳонӣ дар пасманзари коҳиши истеҳсол ва пешниҳоди фурӯш нархи гандум афзоиш меёбад. Екатерина Захарова, таҳлилгари аршади Маркази нархҳо дар суҳбат ба “Интерфакс” дар ин хусус хабар додааст.
Тибқи иттилои ӯ, таъминот на фақат ба сабаби коҳиши ҳосил дар Русия афзоиш хоҳад ёфт, балки “Иттиҳоди Аврупо низ истеҳсолотро коҳиш медиҳад ва он як кишвари содиркунандаи асосӣ маҳсуб мешавад”.
Екатерина Захарова омилҳои мухталифи дигарро, ки ба арзиши нархи гандум дар бозорҳо таъсир мерасонанд, рад накард. Ӯ гуфт: “Мумкин аст, ки “гиреҳҳои сиёҳ” пайдо шаванд. Ва бисёр чиз ба тавоноии воридкунандагон дар муқобили болоравии нархҳо вобаста хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир коҳиши пешниҳод омили афзоиши нархҳо дар бозори гандум аст”.
Тибқи иттилои Екатерина Захарова дар ҳоли ҳозир нархи гандум паст, яъне 214-215 доллар барои як тонна аст. Дар охирҳои соли 2023 нархи як тонна гандум 258 долларро ташкил медод, ки нисбат ба соли гузашта 56 доллар камтар аст. Сабаби асосии тағйири нарх пешниҳоди зиёди гандум ба бозор аст.
“Моҳи март қимати содиротии гандум аз соли 2020 то ба ҳадди пастарин поин рафт, 2014 тонна барои як тонна. Сардиҳои моҳи май онро боло бурд, вале дар моҳи июн Туркия воридоти гандумро мамнуъ кард ва нархи он дубора пойин рафт” – мегӯяд Екатерина Захарова.
Екатерина Захарова таъкид кард, ки умедвор аст Туркия ба воридоти гандум иҷозат медиҳад, зеро ин барои содиркунандагони гандум, бахусус барои Русия ва Туркия судовар аст. Ӯ хабар медиҳад, ки тибқи натиҷаҳои мавсими соли 2023-2024 Туркия дар хариди гандуми Русия пешасафиро аз даст додааст.
Тибқи гуфтаи коршиноси рус бозорҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ низ барои гандуми Русия умедбахш мебошанд. Ӯ аз Бангладеш ном бурд, ки дар он ҷо интиқол дар мавсими гузашта 2, 5 маротиба ва Индонезия 10 фоиз афзоиш ёфтааст.
“Индонезия ҳамчун бозор ҷолиб ва ояндадор, зеро шумораи аҳолӣ афзоиш меёбад ва одатҳои хӯрокхӯрӣ тағйир меёбанд, аз истеъмоли умдатан биринҷ ва маҳсулоти орди гандум”- меафзояд Екатерина Захарова.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд