Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Толибон 14 нафарро барои мусиқӣ ва овозхонӣ боздошт карданд
Расонаҳои афғонистонӣ хабар медиҳанд, ки гурӯҳи террористии Толибон дар маркази вилояти Тахори Афғонистон 14 нафарро ба иттиҳоми навохтани мусиқӣ ва овозхонӣ боздошт кардаанд.
Бар асоси иттилоъ 14 нафар дар вақти иҷрои мусиқӣ ва овозхонӣ аз сӯйи гурӯҳи террористии Толибон боздошт шудаанд. Масъули Толибон дар вилояти Тахор ба расонаҳо гуфтааст, ки ин афрод “бо истифода аз торикии шаб, дар хонае дар маркази вилояти Тахор гирди ҳам омада, бо навохтани мусиқӣ ва иҷрои овоз ба мардум халал мерасонданд”. Ҳоло ҳамаи ин 14 нафари боздоштшуда дар зиндони Толибон қарор доранд.
Толибон пас аз ин ки дар соли 2021 ба қудрат расиданд маҳудиятҳои зиёд, аз ҷумла навохтан ва шунидани мусиқиро манъ карданд. Онҳо асбобҳои мусиқиро аз хонаҳо ҷамъ карда, ба баҳонаи он ки паҳнкунандаи “фасоди ахлоқӣ” мебошанд, шикастанд. Ҳамчунин, Толибон тамоми муассисаҳои таълимии мусиқӣ дар Афғонистонро барҳам доданд.
Чанде қабл Толибон дар як иқдоми бесобиқаи маҳдудкунанда бозии шатранҷро (шахматро) низ дар Афғонистон манъ карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард