3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:35, Душанбе
13.05.2025 17:22

Модӣ: “Мо дар ин ҷанг пирӯз шудем”

Нарендра Модӣ ҳушдор дод, ки Ҳинд муваққатан ҳамлаҳои низомӣ бар зидди ҳадафҳои террористӣ дар хоки Покистонро боз доштааст.

“Фақат дар се рӯзи аввал Ҳинд ба Покистон он қадар зарари сангин ворид кард, ки онҳо комилан ғофилгир шуданд. Дар натиҷаи вокуниши қотеъонаи Ҳинд, Покистон дар ҷустуҷӯи роҳи коҳиши таниш баромад ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки вазъиятро ором кунад”- таъкид кард Нерандра Модӣ.

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди таъкид кард, ки баъди шикасти комил артиши Покистон маҷбур шуд, ки рӯзи 10-уми май бо фармондеҳи кулли артиши мо тамос гирад. Ӯ афзуд, ки то он замон неруҳои артиши Ҳиндустон қисматҳои зиёде аз иншооти террористиро нобуд карда, шумораи зиёди террористонро аз байн бурданд.

“Вақте Покистон тамос гирифт, итминон дод, ки дигар ягон фаъолиятҳои террористӣ ё таҷовузи низомӣ аз сӯи онҳо сурат нахоҳад гирифт. Фақат баъд аз он буд, ки Ҳинд дар мавриди вокуниши худ таҷдиди назар кард. Бори дигар такрор мекунам: мо феълан фақат амалиёти ҷавобии худро бар зидди ҳадафҳои террористӣ ва низомии Покистон ба таври муваққат боз доштаем”- таъкид кард Нерандра Модӣ.

Баъди эълони оташбас Покистон низ иддао пирӯзӣ кард. Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар як суханронӣ гуфт, ки Покистон дар ин амалиёт пирӯз шудааст. Иддаои пирӯзӣ аз сӯи ду тараф дар ҳолест, ки Доналд Трамп чанде қабл гуфт, ки бо миёнҷагирии Амрико Ҳинд ва Покистон ба оташбас розӣ шудан. Ӯ афзуд, ки бо пешниҳоди ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳар ду ҷонибро қонеъ кард, ки ба оташбас розӣ шаванд.

Ёдовар мешавем, ки баъди даргириҳои хунин оташбас миёни Ҳиндустон ва Покистон барқарор шуд. Ҳоло фармондеҳони ду тараф барои барқарории оташбас бо ҳам музокира мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.