3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:55, Душанбе
12.05.2025 18:12

Таркиш дар кони ангиштсанги Суғд ҷони 8 коргари афғонистониро гирифт

Дар натиҷаи рӯй додани таркиши гази метан дар кони ангиштсанг дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон  8 коргари афғонистонӣ ҷон бохтаанд. Дар ин хусус расонаҳои афғонистонӣ гузориш медиҳанд.

Тибқи иттилоъ, ҳама коргарони ҷонбохта аз вилояти Дойкундии Афғонистон будаанд. Онҳо барои кор ба вилояти Суғди Тоҷикистон рафтаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои афғонистонӣ ҳувияти бархе аз қурбониёни таркиши кони ангиштсанг мушаххас шудааст. Тибқи иттилоъ, афроди ҷонбохта Козимбегӣ, Абдуллоҳ Аҳмадӣ, Ҳусайн Ализода, Ҳусайнбахш, Муҳаммадамир, Алиҷон, Қурбон ва Исмоил Раҳимӣ мебошанд. Бархе аз қурбониёни ҳодиса таҳсилоти олӣ доштаанд, аз ҷумла Козимбегӣ Донишкадаи политехникии Кобулро хатм карда будааст.

Ҷасади қурбониёни ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аллакай ба Афғонистон интиқол дода шудааст.

Ҳодисаи таркиши гази метан дар кони ангиштсанги вилояти Суғд соати 1:30 дақиқаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта рӯй додааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.