Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Имсол дар Суғд ба 250 нафар донишҷӯ стипендияи раиси вилоят дода мешавад
Дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани стипендияҳои раиси вилоят барои донишҷӯёну аспирантон барои соли таҳсили 2024-2025 бо ширкати раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар соли ҷорӣ ба 250 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии минтақа стипендия дода шуд. Шумораи гирандагони стипендия дар соли ҷорӣ тақрибан ду баробар зиёд шуда, аз 130 то 250 нафар расид.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо гирандагони стипендия гуфт, ки пуштибонии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ аст.
“Ҷавонон такягоҳ ва ояндаи давлатанд. Вазифаи мо муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои рушди онҳо ва ошкор сохтани қобилияти зеҳниашон мебошад” – зикр кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилоят афзуд, ки рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ самти муҳимми афзалиятнок ба шумор рафта ва дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”, ки дар ҷумҳурӣ эълон шудааст, таваҷҷуҳи бештар бояд зоҳир гардад.
Раиси вилоят ҷавононро ба омӯзиши илм ва мубориза бо падидаҳои ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа даъват кард.
Дар поёни мулоқот раиси вилоят ба ғолибони стипендияҳо дар таҳсил ва фаъолияти илмӣ, барору комёбӣ орзу карда, изҳори боварӣ кард, ки онҳо дар рушди вилоят саҳми шоиста хоҳанд гузошт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад