Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Муовини собиқи парлумони Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Кения боздошт шуд
Зоҳир Қадир, муовини Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай ба иттиҳоми “дасиса барои коҷоқи маводи мухаддир” ва нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳҳои худкор дар кишвари Нейробӣ боздошт шуд. Зоҳир Қадир бо дархости Идораи мубориза бо маводи мухаддири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздошт шудааст.
Рӯзи панҷшанбе, 8-уми май нахустин додгоҳи ӯ дар Кения баргузор шуд. Тибқи иттилоъ додгоҳи Кения ҳукми боздошт ва муҳокимаи додгоҳии ӯро содир кардааст.
Яке аз аъзои оилаи Зоҳир Қадир гуфт, ки барояш вакили дифоъ гирифтаанд ва талош мекунанд, ки ӯ ба Амрико интиқол дода нашавад: “Мо барои ӯ вакил гирифтем. Қарор буд муҳокимааш баргузор шавад, вале баъди он ки мо вакил гирфтем, муҳокима ба таъхир гузошта шуд”.
Ин аъзои оилаи Зоҳир Қадир гуфт, ки талош хоҳанд кард догоҳи ӯ дар Нейробӣ сурат гирад ва аз интиқоли ӯ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пешгирӣ кунанд.
Тибқи гуфтаи масъули мубориза бо маводи мухаддир дар Кения Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дархости расмӣ барои боздошт ва интиқоли ӯ ба Амрико ба мақомоти судии Нейробӣ фиристодааст. Ин масъул гуфт, ки Зоҳир Қадир ба гумони “дасисаи воридоти маводир мухаддир” ва нигоҳ доштани “аслиҳаи худкор” мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст.
Зоҳир Қадир яке аз фармондеҳони машҳури ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон буд ва солҳо бар зидди гурӯҳи террористии Толибон дар Нангарҳор мубориза кардааст. Ӯ дар замони муовини Маҷлиси намояндагони Афғонистон буданаш, ҳамеша аз сиёсатҳои Амрико интиқод мекард ва бо баёнияҳои тундаш маъруф аст. Қабл аз фурӯпошии ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ӯ дар як иқдоме ба неруҳои таҳти амраш фармон дод, ки афроди ДОИШ-ро сар бибуранд. Афроди ӯ, дар як иқдоми бесобиқа амри ӯро иҷро намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард