3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:56, Душанбе
08.05.2025 07:46

Ҷабҳаи муқовимат: “Трамп набояд барои назорати Багром бо Толибон вориди музокира шавад”

Раиси сиёсии дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Абдуллоҳ Ханҷонӣ дар суҳбат бо телевизиони “Афғонистон интернешнл” гуфт, ки Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ба даст овардани назорати пойгоҳи Багром набояд бо гурӯҳи террористии Толибон вориди гуфтугӯ шавад. Абдуллоҳ Ханҷонӣ афзуд, ки ин пойгоҳ дар минтақаи амниятии ҷуғрофиёии тоҷикон ҷойгир аст.

Доналд Трамп борҳо аз хуруҷи Ҷо Байден, президенти Амрико аз Багром интиқод намуда, гуфта, ки бо назардошти наздик будани он ба марказҳои атомии Чин неруҳои амрикоӣ дар он ҷо бояд боқӣ мемонданд.

Доналд Трамп борҳо иддао карда, ки пойгоҳи Багром дар ихтиёри Чин қарор дорад, аммо то ҳол барои ин иддао санади расмӣ ироа нашудааст. Чин ин иддаоро рад кардааст.

Абдуллоҳ Ханҷонӣ таъкид кард, ки Афғонистон феълан таҳти назорати гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад, ки зидди Амрико ҳастанд ва ҳузури ин  гурӯҳ дар Афғонистон бозгашти Амрикоро ғайримумкин месозад.

Абдуллоҳ Ханҷонӣ хост аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пуштибонӣ шавад ва афзуд, ки бо назардошти ҷойгиршавии пойгоҳи Багром дар минтақаи амниятӣ ва географии тоҷикон Амрико бояд аз ин ҷабҳа ҳимоят кунад.

“Агар Трамп воқеан хоҳони бозгашт ба пойгоҳи Багром аст, бояд дар фикри тақвияти гурӯҳҳои зидди Толиб бошад. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ як ҳаракати зидди Толибон аст, ки ба арзишҳои демократӣ пойбанд аст ва асосан аз ҳисоби сарбозони пешини афғонистонӣ ташкил ёфтааст. Ин ҷабҳа дар паҳлӯи неруҳои амрикоӣ ва эътилофи зидди Толибон ҷангиданд ва ҳатто баъди суқути ҳукумати Афғонистон муборизаро идома медиҳанд”- зикр кард Абдуллоҳ Ханҷонӣ.

Абдуллоҳ Ханҷонӣ гуфт, ки неруҳои Ҷабҳаи муқовимат худро ба ҳайси неруҳои боэътимоди амалиётҳои зиддитеррористӣ собит кардаанд ва ҳимоят аз онҳо абзори муҳиммеро ҳифз мекунад, то кишварҳои ғарбӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои муомила бо Афғонистон маҷбур ба такя ба Толибон нашаванд.

Багром пойгоҳи низомии стратегиест, ки дар Багром ҷойгир аст. Ин пойгоҳ аз замони ҳузури Шӯравӣ дар Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, дар вақти ҳузури ИМА ба яке аз бузургтарин пойгоҳҳои хориҷии низомии ин кишвар дар Ховари Миёна табдил ёфт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.