Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Валиаҳди Саудӣ дастур дод, нақшаҳои пешгиркунандаи амнияӣ ва хизматрасонии хоҷиёнро иҷро кунанд
Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ба мақомоти кишвараш дастур дод, ки нақшаҳои амниятии пешгирикунанда ва хизматрасонӣ ба зоирон (ҳоҷиён)-ро иҷро кунанд.
Ҳамчунин, Арабистони Саудӣ хостори қатъи фаврии ҷанг дар Судон шуда, мухолифати худро ба ҳамлаҳои Исроил ба қаламрави Сурия баён кардааст.
Шурои Вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ҷаласаи рӯзи сешанбе, 6-уми май, ки зери роҳбарии Валиаҳд, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон дар шаҳри Ҷидда шуд, ба ҳамаи ниҳодҳои масъул супориш дод, ки баландтарин сатҳи самаранокӣ ва шоистагӣ иҷрои нақшаҳои амниятии пешгирикунанда ва ташкили хизматрасонӣ ба зоирони хонаи Худо дар Макка, Маддина, маконҳои муқаддаси ҳаҷ ва нуқтаҳои вуруди кишвар тадбир андешанд.
Ин дастур ҳамчунин, иҷрои пайвастаи барномаи “Масири Макка” барои осон кардани вуруди зоирин аз кишварҳоро низ дар бар мегирад.
Валиаҳди Саудӣ ба намояндагӣ аз подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд аз кишварҳое, ки барои маросими ҳаҷ меоянд, хушомадед гуфта. Ӯ афзуд, ки роҳбарияти кишвар дар таъмини осоиш ва амнияти зоирон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Дар идомаи ҷаласа ҳайати ҳукумат таҳаввулоти охирини минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуда, ба кӯшишҳои пайвастаи Арабистони Саудӣ дар роҳи коҳиши танишҳо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст ва бародар барои ҳалли буҳронҳо, коҳиши танишҳо ва таҳкими эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ бо мақсади расидан ба субуот ва шукуфоӣ таъкид кард.
Шурои вазирони Арабистони Саудӣ хостори қатъи фавриии даргириҳо дар Судон шуда, бо ҳушдор дар хусуси идомаи ҷанг ва вайронии ин кишвар зурурати расидан ба ҳалли сиёсӣ бо ширкати комили тарафҳои судониро, бо такя ба ҳифзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва дастгирии ниҳодҳои давлатӣ таъкид кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд