Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Нигаронии СММ аз афзоиши худкушӣ дар миёни занони афғонистонӣ
Фақат дар як моҳи гузашта се духтар дар вилояти Бадахшон, яке дар Қундуз, дигаре дар Тахор ва сеюмӣ дар Ғӯр худкушӣ кардаанд. Дар пояи ин, гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид хостори таҳқиқи ин худкушиҳо шудааст.
Ричард Бент, гузоришгари махсуси Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон ба гузоришҳо дар хусуси чандин ҳолати худкушии ҷавонон дар Афғонистон дар моҳҳои ахир вокуниш нишон дод. Ӯ бо ишора ба худкушии як духтар дар Ғӯр хост, ки ин масъала таҳқиқ шавад.
Хонаводаи духтаре, ки дар Ғӯр худкушӣ кард, ба расонаҳо гуфтаанд, ки ӯ “ба хотири анҷом надодани издивоҷи маҷбурӣ бо як фармондеҳи Толибон худашро оташ зада ва ба зиндагияш поён дод”.
Наворҳое аз ҷасади сӯхтаи ин духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфт ва бо вокунишҳои зиёд аз тарафи фаъолони ҳуқуқи занон рӯ ба рӯ шуд. Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори ҳамдардӣ бо хонаводаи ин духтар хостори таҳқиқи ин ҳодиса шуд.
“Системаи саркӯби ҷинсӣ ниёз ба дастгирии бештар дар соҳаи саломатии гурӯҳӣ дорад. Онҳое, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд, бояд бо дигарон, бахусус мутахассисон гуфтугӯ кунанд”- афзуд Ричард Бент.
Нигаронии гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси худкушии ҷавондухтарон дар Афғонистон дар ҳолест, ки чанде қабл як зан аз сӯйи раиси амр ба маъруфи Толибон таҷовуз шуда, ҳомила шудааст ва даст ба хушкушӣ задааст. Ӯро ҳамкоронаш аз худкушӣ наҷот додаанд.
Вазъияти ҳуқуқи башар, ба вижа занон ва аққалиятҳои қавмӣ дар Афғонистон рӯз ба рӯз бадтар мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард