Барои паҳн накардани аксу навори бадномкунанда маблағи калон талаб намудааст. Ҷавонзане бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуд
Кореяи Шимолӣ аз анҷоми як размоиши мушакӣ хабар дод
Дастоварди назарраси ҳунармандони ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон аз Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
Чин дар Тоҷикистон “телескоп”-и моҳвораии назорати замин месозад
Аз волонтёрӣ то табибӣ. Таҳсилу кори Шикебо дар Олмон
Хушбахтона, рӯз аз рӯз сафи донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои миёна ва олии касбии хориҷи кишвар меафзояд, ки албатта, заминааш сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниҳукуматӣ мебошад. Бинобар иттилои расмӣ, ҳоло зиёда аз 42 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд.
Дар ростои садҳо ҷавони тоҷик Шикебо Мирмаҳмедова низ барои таҳсил ва мутахассиси варзида шудан ба Олмон сафар кардааст. Мавсуф аз ҷумлаи ҷавонони лаёқатманду серталошест, ки мушкилиро намешиносад, балки илмдӯсту меҳнатдӯст аст. Ӯ дар Олмон пайраҳаи аҷибро тай намудааст. Аввал ҳамчун волонтёр имкони сафарро пайдо кард, пасон, дар мактаби махсуси касбомӯзӣ таҳсил намуд. Ҳоло бошад, ҳам кор мекунад ва ҳам дар фикри давом додани таҳсилаш аст.
Dialog.tj бо Шикебо Мирмаҳмедова доир ба махсусияти таҳсилу кор дар Олмон ва нақшаву корҳои ояндаашон суҳбат кард.
- Нахуст бигӯед, ки чӣ гуна ба Олмон рафтед?
- Ин роҳи дуру дароз аст ва ҳамааш аз он шурӯъ шуд, ки ман хоҳиши табиб шуданро пайдо кардам. Замони мактабхонӣ мехостам таҳсили олиро дар хориҷи кишвар ба даст оварам ва ҳамчун табиб дар хизмати ватану миллатам бошам. Пас аз хатми мактаби миёна кӯшиш кардам, ки ба Олмон омада, ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам, вале чун таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кишвари мо 11-сола аст, имкони шомил шудан ба донишгоҳро наёфтам ва бо барномаи волонтёрӣ ба Олмон омадам. Аз рӯйи барномаи мазкур, маро мебоист ба нигоҳубини касоне, ки маъюбият доранд, машғул шавам. Ҳамин тавр, се моҳ ба ин кор банд шудам ва сипас, имкон пайдо кардам, ки тариқи барномаи “Ausbildung” ба мактаби махсус дохил шуда, дар соҳаи тиб таҳсил намоям.
- Медонем, ки мувофиқи барномаи “Ausbildung” толибилмон ҳам дар мактаб таҳсил мекунанд ва ҳам ба кор таъмин мегарданд. Дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?
- Дуруст аст, ҳафтае ду рӯз дарс буду се рӯз кор ва махсусияти барномаи мазкур он аст, ки касбомӯзон дар баробари назарияро омӯхтан, амалияро низ аз худ мекунанд. Ман ҳам дар баробари таҳсил, дар беморхона фаъолият менамудам.
- Шумо мактаби махсуси касбомӯзиро кай хатм кардед?
- Моҳи сентябри соли 2022 таҳсилро оғоз кардам ва аслан таҳсил се сол давом мекунад, вале бо сабабе, ки ман барномаи таълимиро хуб аз худ кардам ва дар беморхона таҷрибаи кофӣ гирифтам, имкон пайдо кардам, ки таҳсиламро 6 моҳ кӯтоҳ кунам. Ҳамин тавр, 11-уми январи соли равон мактабро бо ихтисоси дермотолог бомуваффақият хатм намудам.
- Чаро пас аз хатми мактаб ба ватан барнагаштед?
- Нақшаи ман тамоман дигар аст. То замоне ки дар Олмон таҳсили олии тиббӣ нагирам, мутахассиси хуб нашавам, барнамегардам. Баръакс, пас аз хатм акнун корҳои ман зиёд шуданд. Тавре медонед, мувофиқи барномаи будубошам дар Олмон, ҳам таҳсил мекардам ва ҳам кор. Пеш аз ҳама раводидамро, ки барои таҳсил буд, иваз кардам ва акнун қонунан метавонам кор кунам. Ҳамчунин, ҷойи корамро иваз кардам ва ба ҳайси ёрдамчии табиби гӯшу бинӣ дар як беморхонаи хусусӣ фаъолият карда истодаам. Хуллас, ҳаёти мустақилонаро шурӯъ намудам.
- Шумо мактаби касбомӯзиро бо ихтисоси духтури пӯст хатм кардед, чӣ хел тавонистед, ки ба ҳайси ёрдамчии табиби гӯшу бинӣ ба кор дароед?
- Дониши гирифтаам дар мактаб чунин имконро ба ман медиҳад, зеро мо соҳаи тибро умумӣ таҳсил кардам.
- Модоме ки мақсади шумо шомил гардидан ба донишгоҳ аст, чаро дохил нашудед?
- Тавре ки ман маълумот дорам, бояд ду сол кор кунам ва пасон имкони таҳсил дар донишгоҳро пайдо мекунам. Сипас, аз ҷойи корам, ки ду сол кор мекунам, тавсифнома ба донишгоҳ ирсол мегардад ва шомилшавиам осон мегардад.
- Назари аҳли оилаатон ба давом додани таҳсил чӣ гуна аст?
- Падарам ҳама тасмимҳои маро дастгирӣ мекунанд. Модарам ҳам чунинанд, аммо ҳамчун зан бештар фикр мекунанд ва чун духтари калонӣ ҳастам, мехоҳанд пас аз оиладоршавӣ таҳсиламро давом диҳам.
- Пас аз таҳсил ҷойи кор ёфтан мушкил набуд?
- Дар Олмон барои касоне, ки хуб таҳсил кардаанд ва забони олмониро медонанд, ҷойи кор ёфтан мушкил нест. Масалан, ман пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯ кор пайдо кардам.
- Ҷойи коратон чӣ гуна аст?
- Бисёр хуб аст, табобатхонаи хусусӣ аст ва онҳое барои ташхису табобат меоянд, ки бо пули худашон хизматрасонӣ мешаванд. Корам душвор нест ва аз сабабе, ки онро дӯст медорам, бо шавқ иҷро мекунам. Мекӯшам, ки ба беморон то қадри имкон кумак намоям.
- Тоҷикон ҳам меоянд?
- Бале, ҳамватанонамон низ меоянд ва бо дидану онҳо лаҳзае худро дар ватан ҳис мекунам.
- Оё бо як кор дар Олмон зиндагиро таъмин кардан мумкин аст?
- Мумкин аст, вале бояд иқрор шавам, ки ҳоло ман дар ду беморхона фаъолият менамоям. Яъне, аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа дар як беморхона ҳамчун ёрдамчии табиби гӯшу бинӣ фаъолият мекунам ва боз рӯзҳои шанбе ба ҳайси ёвари духтури пӯст дар беморхонаи дигар кор мекунам.
- Муносибат бо шумо ҳамчун як духтари тоҷик чӣ гуна аст?
- Дар ҷойи кор аз ҳама муҳим вазифаро дурусту саривақт иҷро кардан аст. Барои ҳамкоронам миллат, забон, фарҳанг ва ғайраҳо муҳим нест. Ва набояд фаромӯш кард, ки бархурди одамон пеш аз ҳама аз худи мо вобаста аст. Шукр то имрӯз дар Олмон бо ман ҳеҷ кас муносибати дурушт накардааст.
- Кай бори охир Тоҷикистон омада будед ва боз кай омаданӣ ҳастед?
- Ду сол пеш рафта будам ва инак, моҳи август ният дорам ба дидорбинии аҳли оилаам биравам.
- Тоҷикон дар Олмон кам нестанд, бигӯед, ки муносибататон чӣ гуна аст?
- Бисёр хуб аст. Ман яке аз маъмурони гурӯҳи тоҷикони олмон дар паёмрасон ҳастам. Бо ҳам муносибати хуб дорем, баъзан вохӯриҳо ташкил карда, суҳбат мекунем.
- Ба ҷуз таҳсилу кор вақтатонро чӣ гуна мегузаронед?
- Ростӣ, ман дар муддати ин ҷо будан қариб, ки истироҳат надорам. Таҳсилу кор вақти зиёд мегирад. Шуғли асосиам бошад, сайёҳат кардан аст. Хушбахтам, ки то имрӯз ба Париж, Чехия, Милан, Амстердам, Барселона ва Миср сафар кардаам.
- Чӣ гуна як донишҷӯ ба худаш иҷозати чунин сайёҳатҳоро медиҳад?
- Ин пеш аз ҳама аз хоҳиш вобастааст. Вақте ки шумо хоҳиш доред, барои ба он расидан кӯшиш мекунед. Ман ҷаҳонгардиро дӯст медорам ва барои бештар гаштану дидан талош мекунам.
- Дар Инстаграм фаъол ҳастед ва аз сафарҳоятон аксу навор нашр мекунед, аммо саҳифаатон маҳкам аст ва шахсоне ки ба шумо обуна нашудаанд, матолибатонро дида наметавонанд. Чаро ин хел аст?
- Ман одами пӯшидаам ва ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки ҳаётамро дар Олмон ва дигар кишварҳо нишон диҳам, аммо наметавонам. Дар навбати худ кӯшиш карда истодаам, ки бархе қолабҳоро бишканам ва барои ҷавонон, махсусан духтарони тоҷик доир ба таҳсилу корам дар хориҷи кишвар маълумот бидиҳам.
- Фарз кардем, ки шумо ба донишгоҳи тиббӣ дохил шудед ва онро хатм кардед. Баъд, чӣ кор карданӣ ҳастед?
- Ман нақшаҳои калон дорам ва бо хосту ёрии Худо ба онҳо мерасам. Масалан, пеш аз ҳама мехоҳам бо дипломи мактаби олӣ, ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба ватан баргардам. Пасон, мехоҳам то қадри тавоноӣ барои рушди соҳаи тиб ва хизматрасониҳои тиббӣ дар кишвар саҳм гузорам. Худо хоҳад, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ беморхонаҳо таъсис медиҳам ва ба мардуми дардманд ёрӣ мерасонам.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд
Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад
Дар Тулаи Русия имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба намоиш гузошта шуд