3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:55, Душанбе
30.04.2025 09:39

Як духтар дар Ғӯри Афғонистон барои издивоҷ накардан бо Толиб худкушӣ кард

Расонаҳои афғонистонӣ гузориш доданд, ки Обида ном як духтар дар вилояти Ғӯри Афғонистон барои раҳоӣ аз издивоҷ бо як Толиб худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ин ҳодиса рӯзи якшанбе рӯй додааст. Духтар ҳангоме, ки Толибон мехостанд ӯро бо зӯр баранд, ба зиндагии худ поён додааст.

Тибқи иттилои расонаҳо духтар бошандаи деҳаи Дарзоби Нилии ноҳияи Тӯраи вилояти Ғӯри Афғонистон аст.

Бар асоси иттилоъ Ҳоҷӣ Муҳаммад Раҳмонӣ яке аз афроди гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Тӯра мехост ин духтарро бидуни розигии ӯ ва бо зӯри силоҳ ба никоҳи маҷбурии бародараш дарорад. Духтар бо ин амри Толибон мухолифат карда, ягона роҳи халосиро дар худкишӣ дидааст.

Баъди ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон Ҳоҷӣ Муҳаммад Раҳмонӣ тӯли чор сол талош кардааст, ки ин духтарро ба издивоҷи бародараш дарорад, вале духтар ва хонаводааш ин хости қумондони Толибро рад мекардаанд.

Тибқи иттилоъ, хонаводаи духтар ба додгоҳи маҳаллии Толибон муроҷиат кардааст ва додгоҳ дархости издивоҷи маҷбуриро рад кардааст. Бо вуҷуди он қумондони Толиб бо зӯр хостааст, ки духтарро ба ақди бародараш дарорад.

Узви гурӯҳи Толибон рӯзи якшанбе бо чанд нафар афроди мусаллаҳ ба хонаи духтар ҳамла карда, падару бародарашро дар масҷид зиндонӣ мекунанд. Толибон баъди зиндонӣ кардани падар ва бародари духтар мехостанд, ки ӯро бо зӯр бо худ баранд, аммо духтари ҷавон худкушӣ кардааст.

Духтар баъди ҳамлаи Толибон ба хонаашон худро оташ задааст. Навори худкушии духтар ба дасти бархе расонаҳои афғонистонӣ расидааст.

Дар пайи ин ҳодиса фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон маъракаи ҳимоят аз ҳуқуқи занонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ кардаанд.  Гулчеҳра Яфталӣ, яке аз фаъолони зан дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: “Духтароне чун Обидаи ғӯрӣ худро ба оташ мекашанд, аммо тан ба издивоҷ бо қотилони падар, бародар ва хоҳаронашон намедиҳанд”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.