Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
2 нуқра ва 5 биринҷӣ. Дастоварди варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё
Паҳлавонони тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд бо 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур аз 11 варзишгар, 9 мард ва 2 зан иборат буд.
Ҳамин тавр, дар рӯзи аввали мусобиқа се варзишгари тоҷик – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Обид Ҷебов (-66 кг) сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқа бошад, ду намояндаи Тоҷикистон – Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) медали нуқра ва Абубакр Шеров (-73 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар рӯзи сеюми мусобиқа Тоҷикистонро миёни мардон Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) ва байни занон Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ карданд.
Темур Раҳимов, варзишгари шинохтаи тоҷик дар даври ниҳоӣ аз Сеунгёб Ли, гуштигири Кореяи Ҷанубӣ, бо гирифтани се “шидо” мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз гашт. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар рақобат барои нишони биринҷӣ гуштигири ҷопонӣ Каито Гринро мағлуб кард. Дигар варзишгароне, ки рӯзи 27-уми апрел баромад карданд, аз медал маҳрум гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё 289 варзишгар (165 мард ва 124 зан) аз 29 кишвар ширкат карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”