3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:57, Душанбе
26.04.2025 10:24

Мақомоти Русия ва Қазоқистон дар бораи таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон суҳбат карданд

Сергей Вершинин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ва Акан Рахметуллин, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар бораи вазъияти Афғонистон ва мубориза бо терроризм ва экстремизм гуфтугӯ карданд.

Агентии иттилоотии “ТАСС” рӯзи чоршанбе гузориш дод, ки "ҷонибҳо бо арзёбиҳои ҳамаҷониба дар хусуси вазъияти амниятӣ табодули назар карданд ва ба таври муфассал масъалаҳои рӯзро вобаста ба муқобила бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир бо таваҷҷуҳ ба шароити Ховари Миёна, Афғонистон ва дигар минтақаҳои гирифтори мушкилот баррасӣ намуданд."

Русия ва Қазоқистон, бо вуҷуди нигарониҳои амниятӣ аз Афғонистон, бо гурӯҳи террористии Толибон муносибатҳои дипломатию иқтисодӣ доранд.

Ҳар ду кишвар Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кардаанд. Русия даъво мекунад, ки Толибон бо ДОИШ мубориза мебарад.

Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хатари гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ ба қаламрави худ хеле нигаронанд.

Хадамоти амнияти Русия дар моҳҳои гузашта чандин узви ДОИШ-ро шиносоӣ ва боздошт кардааст. Дар як ҳолат гузориш шуд, ки яке аз аъзои ДОИШ мехост пас аз инфиҷори метрои Маскав ба Афғонистон фирор кунад.

Дар ин замина, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкориҳои амниятӣ ва марзии худро густариш додаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.