3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:57, Душанбе
24.04.2025 12:09

Сергей Лавров аз бозгашти НАТО ба Афғонистон ҳушдор дод

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар хусуси бозгашти зерсохторҳои низомии НАТО ба Афғонистон ҳушдор дода, эҳтимолан чунин иқдомҳро хатарнок номид.

Хабаргузории “ТАСС” гузориш дод, Сергей Лавров кишварҳои ғарбиро барои кӯшиш дар боз гардонидани ҳузури худ дар ин кишвар баъд аз ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон танқид кард.

“Чунин кӯшишҳо метавонанд бомбаи навбатии соатшумор эҷод кунанд, ки эҳтимолан фатилаи кӯтоҳ дорад” – гуфт Сергей Лавров.

Сергей Лавров рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо хабарнигорон равандҳои нави Давҳа бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳидро интиқод карда, гуфт, ки “Ғарб шакли нави машваратҳоро ба воситаи котиботи Созмони Милали Муттаҳид оғоз кард, ки онро формати Давҳа меноманд”.

Сергей Лавров афзуд, ки идораи Кобул аз сӯйи Толибон ҳақиқат аст, ки бояд барои пешбурди сиёсати амалгароёна ва дур аз идеология ба он рӯ ба рӯ шуд.

Ин нигаронии Федератсияи Русия дар ҳолест, ки Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чандин бор аз гирифтани пойгоҳи Багром ва ҳузури низомии Амрико сухан гуфтааст. Доналд Трамп ҳамчунин, Ҷо Байден, президенти пешини Амрикоро барои тарк кардани Багром интиқод намуда, гуфт, ки ҳоло Чин ин пойгоҳро идора мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.