3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:57, Душанбе
24.04.2025 07:41

Тоҷикистон 47 паноҳҷӯи афғонистониро депорт кард

Расонаҳои афғонистонӣ хабар доданд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир 47 паноҳҷӯи афғонистониро депорт кардаанд.

Манбаъҳои маҳаллӣ дар шаҳри Ваҳдат ба расонаҳои афғонистонӣ хабар додаанд, ки рӯзи душанбе 47 паноҳҷӯи афғонистонӣ аз ҷониби неруҳои амниятии Тоҷикистон маҷбуран депорт шудаанд. Ин паноҳҷӯён асосан ронандагон ва соҳибони таксӣ дар шаҳри Ваҳдат будаанд ва санадҳои расмии паноҳандагии Коммисариати олии СММ оид ба паноҳандагонро дар ихтиёр доштаанд.

Тибқи гуфтаи як паноҳҷӯ ин паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба маркази амнияти шаҳри Ваҳдат даъват шудаанд ва ҳуҷҷатҳои онҳо мусодира гардида, бо ду мошин ба марз интиқол дода шудаанд. Ҳамчунин, бархе дигар аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки барои харид ба марказҳои савдо рафта буданд, аз сӯи неруҳои амниятӣ боздошт ва ба Афғонистон фиристода шудаанд.

Ин иттилоъ аз сӯйи расонаҳои афғонистонӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон бидуни далел ва шавоҳиди айнӣ наметавонанд паноҳҷӯёнро депорт кунанд. Қаблан, як гурӯҳ аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубоши паноҳандагӣ, барангехтани баҳсҳои мазаҳабӣ ва таблиғоти динӣ аз Тоҷикистон депорт шуда буданд.

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ асосан дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои зиндагӣ шароити беҳтаринро фароҳам кардаанд. Бархе ниҳодҳои байналмилалӣ чанде қабл аз иқдомҳои муҳимми Тоҷикистон барои пуштибонии паноҳҷӯёни афғонистонӣ истиқбол намуда буданд.

Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Покистон, Туркия ва Олмон нисбат ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ сиёсати нармтарро истифода кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.