3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:33, Душанбе
23.04.2025 17:38

Дар ҳамлаи хунин ба сайёҳон дар Кашмири Ҳинд 20 нафар кушта шуданд

Дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона ба гурӯҳе аз сайёҳон дар минтақаи Ҷомуи Кашмири Ҳиндустон, дастикам 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳамла маргбортарин ҳамла ба ғайринизомиён дар чанд соли ахир дар ин минтақаи кӯҳистонӣ ва ноором ба шумор меравад.

Ҳодиса дар минтақаи Паҳалгам рух додааст, ки яке аз маконҳои маъруфи сайёҳӣ дар Кашмир ба шумор меравад.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз” се сарчашмаи амниятӣ шумораи кушташудагонро мухталиф арзёбӣ кардаанд: 20, 24 ва 26 нафар. Умар Абдуллоҳ, вазири аълои Ҷому ва Кашмир дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки шумораи дақиқи қурбониён ҳанӯз маълум нест, вале “ин ҳамла аз ҳама ҳамлаҳои солҳои ахир даҳшатноктар аст”.

Яке аз шоҳидони ҳодиса ба шабакаи “Индия тудей” гуфтааст: “Аввал фикр кардем таркиши идона аст, вале вақте садои доду фарёди мардумро шунидем, ба шитоб фирор кардем”. Шоҳиди дигар мегӯяд: “Чор километр беист давидам... ҳанӯз ларза дорам”.

Ба иттилои рӯзномаи “Индиян экспресс”, ҳамла дар як чарогоҳи дурдаст аз шоҳроҳ сурат гирифта ва ду ё се нафар бо силоҳ иштирок доштаанд, ки гумон меравад узви гурӯҳҳои ҷангиёни исломгаро бошанд.

Гурӯҳи ҷангии “Муқовимати Кашмир” дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъулияти ин ҳамларо ба зимма гирифтааст. Онҳо аз маскун кардани беш аз 85 ҳазор нафар ғайрибумӣ дар минтақа изҳори норозигӣ карда, онро “тағйири сохтори демографӣ” номидаанд. Рейтерз навиштааст, ки ҳанӯз натавонистааст дурустии ин изҳоротро мустақилона тасдиқ кунад.

Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон, дар вокуниш ба ин фоҷиа навишт: “Омилони ин амали ваҳшиёна ба ҷазои сазовор хоҳанд расид… иродаи мо дар мубориза бо терроризм шикастнопазир аст”.

Кашмир тайи даҳаҳои ахир шоҳиди муноқишаҳои шадиди мусаллаҳона будааст. Дар соли 2019 Ҳиндустон мақоми махсуси Кашмирро бекор карда, он ҷоро ба ду минтақаи федералӣ табдил дод, ки ба мақомоти марказӣ имкон дод, шаҳрвандони ғайрибумиро низ иҷозаи иқомат ва моликият диҳанд – тасмиме, ки вокуниши шадиди Покистонро барангехт.

Ин ҳамла, дар ҳоле иттифоқ афтод, ки танҳо як рӯз аз оғози сафари чоррӯзаи муовини президенти ИМА, Ҷей Ди Ванс, ба Ҳиндустон гузашта буд.

Ҳамлаи мазкур як бори дигар нигарониҳо дар мавриди амнияти минтақаи Кашмир ва эҳтимоли афзоиши хушунатҳои гурӯҳҳои ифротиро тақвият мебахшад. Мақомоти Ҳиндустон таъкид доранд, ки бо қатъият бо таҳдиди терроризм мубориза хоҳанд бурд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.