3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:56, Душанбе
22.04.2025 14:44

Халилзод: “Покистон бо баҳонаи депорти муҳоҷирон “ДОИШ”-ро ба Афғонистон мефиристад”

Зулмай Халилзод сафири пешини Амрико дар Кобул ва намояндаи махсуси Доналд Трамп дар умури Афғонистон гуфт, ки Покистон эҳтимолан ба баҳонаи ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ДОИШ-ро ба Афғонистон мефиристад.

Ӯ бо изҳори нигаронӣ аз раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз сӯйи Покистон ҳушдор дод, ки эҳтимол ниҳодҳои покистонӣ аз ин раванд барои интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии ДОИШ ба Афғонистон истифода баранд.

“Шахсони огоҳ мегӯянд, нигарони онан, ки шояд ниҳодҳои Покистон аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳамчун пӯшиш барои фиристодани террористони ДОИШ ба Афғонистон истифода баранд. Ман низ ин нигарониро дорам” -  навишт дар саҳифаи худ дар шабакат иҷтимоии “Х” Зулмай Халилзод.

Изҳороти Доналд Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки дар беш аз сеюним соли ҳокимияти Толибон дар Афғонистон гурӯҳи ДОИШ масъулияти як қатор ҳамлаҳои хунинро бар уҳда гирифтааст.

Қаблан мақомоти покистонӣ гуфта буданд, ки Толибон дар фурӯ нишондани фаъолиятҳои ДОИШ ноком мондаанд.

Мунир Акрамӣ, намояндаи Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи марти соли 2025 бо таъкид ба афзоиши таҳдидҳои террористӣ аз қаламрави Афғонистон гуфт, ки Толибон дар муқобила бо ДОИШ муваффақ набуданд ва дар ҳамлаҳои Таҳрики Толибони Покистон ба қаламрави Покистон даст доштанд.  Ӯ аз Шурои амнияти СММ хост, ки ба таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон расидагӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.