Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Вализода Илҳомиддин муовини нави вазири корҳои дохила таъйин шуд
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои нави ба ниҳодҳои муҳимми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тибқи қарори президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Ҳамчунин, бар асоси моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи миллитсия” дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор вазифаҳои роҳбарии раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавон таъйин карда шуданд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷекент, Гулистон, Конибодом, Леваканд, ноҳияҳои Муъминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур нав таъйин шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои бомасъулият таъйиншударо ба хизмати софдилона, содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуда, ба онҳо дар хусуси таъмини ҳифзу ҳуқуқу тартибот, волоияти қонун ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ тавсияҳои мушаххас дод.
Президенти кишвар таъкид кард, ки ба одоби муошират бо мардум, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ ва истифодаи техникию технологияҳои муосири иттилоотӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, назорати татбиқи ҳамаҷонибаи талаботи нави қонунгузорӣ дар истифодаи дурусти неруи барқ, аз раванди таълиму тарбия дур намондани насли наврас ва бахусус ба тарбия ва забонмӯзии кадрҳои ҷавон дар сохторҳои ВКД таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”