3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:55, Душанбе
19.04.2025 09:06

Толибон як зани фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро боздошт карданд

Гурӯҳи террористии Толибон Надима Нур, маъруф ба Патингара Каки - як зани фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро чанд рӯз қабл боздошт кардааст. Дар ин хусус расонаҳои афғонистонӣ хабар медиҳанд.

Сабаби боздошти Надима Нур то ҳол маълум нест, вале қаблан низ гурӯҳи террористии Толибон ӯро боздошт карда буданд.

Надима Нур, ки дар фазои маҷозӣ фаъолиятҳои густурда дорад, ахиран паёми видеоии худро нашр кард. Дар ин паём ӯ аз Толибон хоста буд, ки бо мардум бо меҳрубонӣ рафтор намоянд.

“Қурбони Шумо шавам. Дилам ба ҳоли мардуми кишварам ва ба ҳоли шумо месӯзад, ки ин суханонро мегӯям. Шумо, ки бо ин ренҷерҳо мегардед, силоҳҳои худро ин гуна ба сӯйи мардум нагиред. Фардо мумкин аст, ки ҳамин силоҳ ба сӯи худатон тир андозад. Агар дилҳои мардумро ба даст оред, муҳаббат миёни мо ва шумо бештар мешавад” – гуфтааст дар паёми видеоии худ Надима Нур.

Бар асоси иттилоъ, Надима Нур масъули як муассисаи хайриявие мебошад, ки дар бахши омӯзиши духтарон дар Афғонистон фаъолият мекунад. Ӯ дар соли 2019 аз Канада ба Афғонистон омада буд.

Боздошти Надима Нур дар ҳолест, ки қаблан низ фаъолони ҳуқуқи занон, ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва ҳатто баъзе аз неруҳои амниятии ҳукумати собиқ аз сӯйи Толибон боздошт, шиканҷа ва ҳатто нопадид шудаанд. Толибон бар зидди расонаҳо ва фаъолони расонаӣ маҳдудиятҳои шадидро ҷорӣ кардаанд. Нашри акс ва тасвир дар аксари расонаҳои минтақавии Афғонистон манъ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.