3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:55, Душанбе
19.04.2025 08:31

СММ: Қарори Русия вазъияти Толибонро тағйир намедиҳад ва таҳримҳо побарҷо боқӣ мемонад

Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси қарори Суди Олии Федератсияи Русия дар бораи хориҷ кардани Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ гуфт, ки ин иқдом вазъияти Толибон дар назди ин созмонро тағйир намедиҳад ва таҳримҳои байналмилалӣ ҳамчунон побарҷо боқӣ хоҳанд монд.

Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки қарори ахири Русия барои хориҷ кардани Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ ба мақоми байналмилалии ин гурӯҳ таъсир нахоҳад гузошт.

Стефан Дюжаррик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба қарори Русия гуфт, ки “Ин як қарори мустақили Федератсияи Русия аст. Вазъияти Толибон дар Созмони Милали Муттаҳид, ки аз сӯйи кишварҳои узв мушаххас шудааст, тағйир намеёбад”.

Ёдовар мешавем, ки Суди Олии Русия ба дархости Прокуратураи генералии ин кишвар розӣ шуда, қарори хориҷ намудани Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористиро содир кард.

Бо вуҷуди бекор кардани номи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки ин қарор уҳдадориҳои Маскав нисбат ба таҳримҳои Шурои амнияти СММ-ро тағйир намедиҳад.

Гурӯҳи террористии Толибон аз иқдоми Русия истиқбол намуд ва сухангӯи ин гурӯҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки Толибон умедворанд робитаҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ миёни ду кишвар густариш хоҳад ёфт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.