3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:34, Душанбе
18.04.2025 08:53

Суди Олии Русия муваққатан Толибонро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кард

Суди Олии Федератсияи Русия рӯзи панҷшанбе бо дархости Прокуратураи генералии ин кишвар барои муваққатан хориҷ кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ мувофиқат намуд. Прокуратураи генералии Русия қаблан аз Суди Олии Русия хоста буд, ки гурӯҳи террористии Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кунад.

Хабаргузории “РИА Новости” дар хусуси баргузории суд дар пушти дарҳои баста хабар дода, афзудааст, ки дар ҷараёни муҳокимаи парванда намояндаи Толибон низ ҳузур доштанд.

Прокуратураи генералии Русия бо нашри изҳорот гуфт, асоси ҳуқуқии ин дархост тағйироте буд, ки дар моҳи декабри соли гузашта дар қонунҳои мурофиавии маъмурӣ ва мубориза бо терроризм ворид шуд.

“Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти пешниҳодшуда аз сӯйи ниҳодҳои вобаста суд ба хулоса омад, ки далелҳои пешниҳодшудаи Прокуратура асоси воқеӣ доранд ва ҳукми боз доштани мамнуъияти Толибон содир гардид” - зикр шудааст дар изҳорот.

Судя гуфт, ки қарор ба таври фаврӣ иҷрошаванда аст ва эҳтимолан дар зарфи як моҳ аз санаи содир шудани он дар Шурои таҷдиди назари Суди Олии Федератсияи Русия мавриди бознигарӣ қарор гирад.

Моҳи январи ҳамин сол Владимир Путин фармонеро имзо кард, ки бар асоси он имкони хориҷ намудани муваққатии гурӯҳҳои террористӣ аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ имконпазир мегардад. Толибон аз соли 2003 ба феҳристи гурӯҳҳои террористии Русия шомил карда шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.