3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:57, Душанбе
15.04.2025 18:36

Амруллоҳ Солеҳ: “Қумондони аршади Толибон ба воситаи “писари беришаш” кушта шуд

Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти Афғонистон гуфт, як мақоми аршади Хадамоти иттилоотии Толибон бо номи Абдулраҳим Ҳамза ба воситаи “писаре, ки ӯро барои мақсадҳои ҷинсӣ нигоҳ медошт” кушта шуд. Толибон ва сарчашмаҳои мустақил дар хусуси ин хабар чизе нагуфтаанд.

Муовини пешини президент рӯзи душанбе, 14-уми апрел дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки калимаи “писар” дар ин ҷо барои ишора ба наврасон ва баъзан кӯдакони хурдсол истифода мешавад, ки аксар вақт аз сӯйи аъзои Толибон мавриди сӯйистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд. Ба назар мерасад, ки ин “писар” аз вазъият хаста шуда, даст ба куштор задааст.

Ӯ гуфт, ки фарҳанги бачабозӣ дар миёни Толибон як амали маъмул аст ва расонаҳои ҷаҳонӣ низ борҳо онро гузориш додаанд. Созмони “Раванди сабз” бо роҳбарии Амруллоҳ Солеҳ иддао мекунад, ки Абдулраҳим Ҳамза аз сӯйи роҳбарони олии Толибон ҳамчун муовини нахустини Хадамоти иттилоотии хориҷӣ таъйин шуда буд.

Дар як изҳороти матбуотӣ бо такя ба тасвирҳои нашршуда, гуфта мешавад, ки ин узви Хадмоти иттилоотии Толибон дар минтақаи вобаста ба ҳуҳудҳои  13-17 –и Дашти Барчӣ ба воситаи “писари бериш” –и худ кушта шудааст. Тасвирҳо нишон медиҳанд, ки муовини Хадамоти иттилоотии хориҷии Толибон Абдулраҳим Ҳамза низ тир хӯрдааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.