31 Октябр 2026,
шанбе, 07:41, Душанбе
14.04.2025 10:11

Нурулло Сулаймонов: “Боварӣ дорем, ки дар Ӯзбекистон мавқеъ меёбем”

7-уми апрели соли ҷорӣ аввалин IT Park дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Фаъол шудани IT Park нишони он аст, ки дар кишвар ба рушди соҳаи IT ва технологияи рақамӣ рӯз аз рӯз таваҷҷуҳ зиёд мегардад. Ва ҷиҳати мусбати дигар он аст, ширкатҳои IT зиёд мегарданду аз имтиёзҳое, ки дар доираи IT Park муқаррар шудаанд, истифода мешаванд.

Дар рӯзҳои охир, хабари хуши дигар ин шуд, Академияи “Softclub”, ки бевосита ба омода кардани барномасозону дизайнерон машғул аст, намояндагиашонро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дод.

Дар ин росто, Dialog.tj бо роҳбари “Softclub” Нурулло Сулаймонов доир ба роҳ ёфтан ба бозори кишвари ҳамсоя, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва умуман кори академияи мазкур суҳбат кард.

- Хабари ба Ӯзбекистон роҳ ёфтанатонро шунида шод шудем. Бигӯед, ки ҳоло кӯшишҳоятон дар кадом сатҳанд ва умуман то имрӯз кадом корҳоро барои ба бозори кишвари ҳамсоя роҳ ёфтан анҷом додед?

- Аслан, мо зиёда аз се моҳ мешавад, ки омодагӣ мебинем. Дар ин муддат бозорро то андозае омӯхтем ва бо академияву марказҳое, ки самти корашон бо соҳаи мо алоқа дорад, ҳамсуҳбат шудем ва ба хулосае омадем, ки академияи омӯзишии мо ва он пешниҳодоте, ки мо дорем, дар кишвари ҳамсоя талабгор пайдо мекунад. Ҳоло бошад, лавозомоти идораамонро танзим карда истодаем ва ба наздикӣ корро расман оғоз мекунем.

- Барои намояндагии Академияи “Softclub”-ро дар хориҷи кишвар фаъол кардан чӣ монеаҳо буданд?

- Дар воқеъ, оғози ҳеч коре бе монеаву мушкилот намешавад. Дар ин роҳ мо низ ба монеаҳо дучор омадем. Якум, бархе суханҳои ноумедкунанда пеши роҳи мо пайдо шуданд. Яъне дар ҳақиқат дар Ӯзбекистон, махсусан шаҳри Тошканд мисли академияи мо хеле зиёданд ва бархеҳо ба мо тавсия доданд, ки хубтараш ба ин бозор наоем, зеро аз сабаби зиёд будани рақобат мавқеъ ёфта наметавонем. Аммо таҳлилҳои мо нишон доданд, ки пешниҳодҳои мо ҷолибу судманд хоҳанд буд ва рақобатпазирем. Дуюм, ин ёфтани сарпараст буд, ки албатта, бо фарҳангу арзишҳои кории мо мувофиқ бошад ва шукр ин масъала низ ҳал шуд. Сеюм, ин ёфтани макони мувофиқ, яъне офис буд, ки пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд пайдо кардем. Дигар мушкилот ҳам буданд ва чун дуюмдараҷа ҳастанд, ба онҳо камтар аҳамият медиҳем.

- Дар Ӯзбекистон кадом нақшаву барномаҳои корӣ доред?

 - Нақшаҳоямон хеле зиёданд, аммо дар аввал мехоҳем курсҳои “офлайн”-амонро ба роҳ монем ва ба хоҳишмандон касбҳоеро омӯзонем, ки дар бозори меҳнати ин кишвар харидор доранд. Ҳамчунин, бо ширкатҳое, ки бевосита ба соҳаи IT сари кор доранд, ҳамкориҳоро ба роҳ монда истодаем, то ки хатмкунандагони мо пас аз худ кардани касб ба ҷойи кор таъмин гарданд. Дар навбати дигар, намояндагиҳои академияамонро дар дигар шаҳрҳои ин кишвар, аз ҷумла Самарқанду Бухоро фаъол кардан мехоҳем.

- Чаро маҳз Ӯзбекистонро интихоб кардед?

- Тӯли се соли охир мо кишварҳои ҳамсояро таҳлил мекардем ва баъдан ба хулосае омадем, ки дар аввал Ӯзбекистонро интихоб кунем. Зеро ин ҷо имкониятҳо барои марказҳое чун академияи мо хеле зиёданд, барои мисол IT Park 8 сол пеш фаъол шуда буд. Ҳамчунин, ин ҷо тақрибан се ҳазор ширкати IT аст, ки дар масъалаи ҳамкорӣ имкони бештар дорад.

- Оё бовар доред, ки дар кишвари ҳамсоя мавқеъ меёбед?

- Албатта, боварӣ дорем, зеро ҳамон бовариву эътимод намебуд, мо ба ин бозор намеомадем. Мо боварӣ дорем, ки на танҳо дар Тошканд, балки дар дигар шаҳрҳои ин кишвар намояндагиҳои худро фаъол карда, мавқеъ меёбем.

- Сатҳи пешрафт дар соҳаи IТ-ро дар Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ман болотар пешравиҳои соҳаи IТ-ро дар Ӯзбекистон гуфтам. Дар масъалаи кишвари худамон бошад, шукр, ки ба наздикӣ IT Park таъсис ёфт ва ин қадами хеле муҳим аст барои рушди ин соҳа дар ҷумҳурии азизамон. Албатта, мо кӯшиш мекунем, ки дар наздиктарин фурсат Академияи “Softclub”-ро дар IT Park ба қайд бигирем, зеро ин хеле муҳим аст.

- Бигӯед, ки кори Академияи “Softclub” дар кишвари худамон ҳоло чӣ гуна аст, чӣ пешравиву навигариҳо доред?

- Шукр, корҳоямон дар кишвар хеле хуб пеш рафта истодаанд. Бовар кунед, тақрибан 75 фоизи хатмкунандагони курсҳои мо пас аз омӯзиш ҷойи кор ёфта истодаанд, ки натиҷаи хуб аст. Ҳамчунин, бисёре аз ширкатҳо интизор мешаванд, ки кай шогирдони мо курсҳоямонро хатм карда, ба кор медароянд. Илова бар ин, курсҳои “онлайн”-ии мо бисёр хуб пеш рафта истодаанд, ки хоҳишмандон аз дохилу хориҷи кишвар касб меомӯзанд.

- Оё хоҳишмандони соҳаҳои IТ ва дизайн дар кишвари мо зиёданд?

- Албатта, хоҳишманд хеле зиёд аст, аммо дар ҳоли ҳозир мутассифона, ҷойи кор камтар аст. Вале умед дорем, ки бо фаъол шудани IT Park дар кишварамон ширкатҳо зиёд мегарданд ва талабот ба кори мутахассисони ин соҳа меафзояд.

- Чанд сол пеш бо шумо суҳбат доштем ва он ҷо гуфта будед, ки толибилмонатон бо мутахассисони ширкатҳои Apple, Amazon ва Microsoft суҳбат мекунанд, оё ин корҳоро ҳоло ҳам мекунед?

- Ин корро мо пештар танҳо барои толибилмони Академияи худамон мекардем, аммо ҳоло доираи корамонро васеъ намуда, суҳбатҳоямонро бо мутахассисони ширкатҳои мазкур сабт карда, дар Ютуб мегузорем, то ки барои ҷавонон ангеза шавад.

- Оё гуфта метавонед, ки Академияи “Softclub” барои дизайнеру мутахассиси соҳаи IТ шудани тоҷикистониён кумак кард?

- Мо ҳоло дар аввали роҳ ҳастем. Бо хости Худованд доираи корҳоямонро васеъ мекунем ва мекӯшем, ки нафъамон ба ҷомеа, хусусан ба ҷавонон бирасад.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед ва раҳмат ба шумо, ки доир ба навигариҳои акедемияи мо ба хонандагонатон иттилоъ додед.

Хатти хабарҳо

30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
30.10.2026 08:25

Ҷон Керрӣ: “Трамп бар асоси фарзияҳои ғалат ба Эрон ҳамла кард”

Вазири пешини корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки Доналд Трамп бо такя ба фарзияҳои нодуруст амалиёти низомӣ алайҳи Эронро оғоз карда, худро дар мавқеи бисёр номусоид барои музокирот қарор додааст.
30.10.2026 08:17

Узви НАТО ба Украина ҷангандаҳои низомӣ медиҳад

Полша дар доираи як бастаи кумаки низомӣ ба арзиши тақрибан 50 миллион евро ду ҳавопаймои ҷангии МиГ-29-ро ба Украина интиқол медиҳад. Ин баста ҳамчунин, муҳимоти тӯпхонаӣ, лавозимоти ҷангии ҷангандаҳои F-16 ва мушакҳои низоми дифои ҳавоиро дар бар мегирад.
29.10.2026 14:50

Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид

Имрӯз, 29-уми октябр дар толори бинои Парламенти Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
29.10.2026 13:29

Паёми нави мушакии Кореяи Шимолӣ ба Амрико ва шариконаш

Кореяи Шимолӣ беш аз 10 мушаки баллистикии кӯтоҳпарвозро ба самти Дарёи Шарқӣ (Баҳри Ҷопон) партоб кардааст. Артиши Кореяи Ҷанубӣ аз ин ҳодиса хабар дода, эълом кардааст, ки назорат ва омодагии худро барои муқобила бо партобҳои эҳтимолии баъдӣ тақвият медиҳад.
29.10.2026 10:27

Русия ва Амрико дар мавриди лағви бархе таҳримҳо музокира мекунанд

Маскав ва Вашингтон дар бораи лағви таҳримҳо алайҳи Сандуқи сармоягузории мустақими Русия музокира доранд. Ҳамзамон, музокироти сеҷонибаи Русия, Украина ва Амрико барои поён додан ба буҳрони Украина қарор аст пас аз 4-уми ноябр дар Абу Забӣ баргузор шавад.