3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:57, Душанбе
12.04.2025 13:25

Блокадаи Толибон идома дорад. Дар Арабистон ба Амирхон Мутаққӣ “рӯйи хуш” нишон надоданд

Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Мутаққӣ, ки барои адои ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд, аз сӯйи мақомоти ин кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мавриди истиқбол қарор нагирифтааст. Тибқи иттилои расонаҳо, дар ҷараёни сафари ҳаҷ Амирхон Мутаққӣ қасд дошт, ки бо мақомоти олии Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот кунад, вале ҳеч мақоми Арабистон ҳозир ба мулоқот ва дидор бо ин вазири Толибон нашудааст.

Манобеи назик ба Толибон ба расонаҳо гуфтаанд, бо вуҷуди талошҳои дипломатии намояндагони сафорати Толибон дар Арабистони Саудӣ мақомоти ин кишвар ҳайати гурӯҳи Толибонро нодида гирифтаанд.

Бар асоси иттилои расонаҳои Афғонистон Амирхон Мутаққӣ зиёд умедвор будааст, ки аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мавриди истиқболи гарм қарор мегирад, вале ба ӯ “рӯйи хуш” нишон надодаанд. Амирхон Мутаққӣ бо вуҷуди чанд рӯзи иқомат дар Арабистони Саудӣ муваффақ нашуд, ки бо ҳеч як аз мақомоти Арабистони Саудӣ мулоқот намояд.

Бар асоси иттилоъ, мақомоти Арабистони Саудӣ барои иҷрои маросими маҳзабӣ тадбирҳои машшахас андешида буданд ва гурӯҳе вазири Толибонро роҳнамоӣ мекард, вале дар сатҳи дипломатӣ ҳамкорие сурат нагирифтааст. Ин амали Арабистони Саудӣ дар муқобили Толибон бо сабаби сиёсати “сарду эҳтиёткорона” сурат гирифтааст.

Гурӯҳи террористии Толибон баъди ба қудрат расидан ба шиддат дар блокадаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Бисёре аз кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ин гурӯҳро расман ба расмият нашинохтаанд. Созмони Милали Муттаҳид ва ҳатто бархе кишварҳое, ки бо Толибон робитаҳои дипломатӣ барқарор кардаанд, шарти барасмиятшиносиро ба ташкили ҳукумати фарогир ва риояи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон вобаста кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.