Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ноиби раиси Парлумони Эрон: “Амнияти Тоҷикистон, амнияти Эрон аст”
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Фаридун Идизода бо ноиби раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ мулоқот намуда, дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвар гуфтугӯ кард. Мулоқоти онҳо дар ҳошияи 150-умин Конгресси Ассотсиатсияи Маҷлиси ҷаҳонии байнипарлумонӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ густариши муносибатҳои дуҷониба миёни Эрон ва Тоҷикистонро махсус таъкид карда, афзуд, ки фарҳангу таърих ва тамаддуни муштарак заминаи асосии робитаҳои амиқи миёни кишварҳо аст.
“Ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар соли 2021 тахминан 130 миллион доллар буд, аммо ин мизон дар соли 2023 ба 340 миллион доллар расидааст, ки нишон медиҳад, равандҳои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат рӯ ба афзоиш ва мусбат мебошад. Аз сӯйи дигар, имзои зиёда аз 50 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар нишондиҳандаи равобити амиқи мо мебошад” – таъкид кард Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ.
Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ таъкид кард, ки Эрон дунболи сулҳу субот дар минтақа аст ва алоқаманд аст, ки ҳама амнияту ҳамзистии хуб дошта бошанд.
“Мо дар хусуси музокираи атомӣ, он ҳам ба сурати ғайримустақим дипломатияи паёпай ва адолатмеҳварро дунбол мекунем, аз ин рӯ, бояд таҳримҳои зидди кишварамон бардошта шавад. Амнияти Тоҷикистон амнияти Эрон ва амнияти Эрон амнияти Тоҷикистон аст” – гуфтааст Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд