Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Мақомоти тоҷик як зан бо 6 кӯдакашро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд
Мақомоти Тоҷикистон модар ва 6 фарзандашро, ки бидуни санад ва ҷойи зист бесарнавишт дар Русия ба сар мебурданд, ба Тоҷикистон баргардонданд.
Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон “Умед” ба як модари танҳо бо 6 фарзанди ноболиғ, ки дар шаҳри Нижний Новгород зиндагӣ дошт, ёрӣ расониданд.
Аз сӯйи Вазорат, барои зану кӯдаконаш ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳимми тасдиқкунандаи ҳувият таҳия шуда, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои бозгашт ба Тоҷикистон низ омода гардид. Дар тӯли чанд моҳ намояндагони вазорати мазкур ба модар ва 6 фарзандаш ҷойи хоб фароҳам намуданд. Онҳо ба зану кӯдаконаш либос, ғизои гарм ва маводи беҳдоштӣ доданд. Бо кумаки соҳибкорон чиптаҳои бозгашт ба Тоҷикистон барои онҳо харида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд