Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад
Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова
Тоҷикистону Қатар масъалаи таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами ҲХДТ-ро ба истифода доданд
Субҳи имрӯз, 10-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бинои муҳташам ва баландошёнаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд.
Бинои нави ҲХДТ бо ташаббусҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст ва тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебогии хос мебахшад.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бино таъкид намуданд, ки бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон аст ва шароити дар он эҷодшуда ба фаъолияти кормандон заминаҳои мусоид фароҳам мекунад.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст, “гӯшаҳои алоҳида, ки дар Осорхонаи Ҳизби халқии демократи Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба ташаккули маълумоти ҳар бинанда аз масири таърихи тоҷикон мусоидат менамояд. Таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шӯравӣ, Иҷлосияи тақдирсози XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистон” дар тамоми бахшҳои осорхона гирдоварӣ шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ифтитоҳи бинои нав гуфтанд, ки “дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таъриху арзишҳои миллӣ ба хотири нигоҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон” бисёр муҳим аст.
“Дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва бо назардошти хусусиятҳои муосири сатҳи фаҳмиши ҷомеа ҳифз ва тарғиби таърихи ташаккулёбӣ ва рушди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тавассути воситаҳои инноватсионӣ – ташкили фаъолияти осорхонаи таърихӣ –инноватсионӣ ба мақсад мувофиқ аст” – таъкид намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад