Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Винисиус: Дар майдони худ “камбэк” мекунем
9-уми апрел дар доираи даври ¼ ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бошгоҳҳои “Реал Мадрид” ва “Арсенал” бозии якуми худро барпо карданд ва дастаи шоҳонаи испанӣ бо ҳисоби калон 3 бар 0 бохт.
Бохти дастаи шоҳона дар Лигаи қаҳрамонҳо, ки асосан унвони қаҳрамонии ин мусобиқаро аз ҳама зиёд 15 маротиба соҳиб шудааст, хеле ҳайратовар аст, вале “Арсенал” дар майдони худ тавонист, ки се голи беҷавоб ба дарвозаи рақибаш ворид намояд.
Новобаста аз оне, ки ҳисоби калон дар миён аст, вале мухлисон ва худи футболозони дастаи “Реал Мадрид” ба боваре ҳастанд, дар бозии ҷавобӣ, ки 17-уми апрел доир мегардад, натиҷаи умумӣ тағйир меёбад ва бошгоҳи шоҳона ба даври нимниҳоӣ мебарояд.
Аз ҷумла, яке аз футболбозони калидии “Реал Мадрид” Винисиус Ҷуниор пас аз мағлубият чунин гуфт: “Дар ҳақиқат бозии мо бисёр бад буд, вале мо бовар дорем, ки дар майдони худ ҳолатро тағйир медиҳем, зеро мо дар майдонамон “камбэк”-ҳои зиёд кардаем.
Дар баробари Винисиус Ҷуниор, дигар футболозон ҳам, аз ҷумла Лука Модрич, Мбаппе, Беллингем бовар доранд, ки дар бозии ҷавобӣ ғалабаи калон ба даст оварда, ба даври баъдӣ роҳхат меёбанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”