Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
“Дар сояи Ислом”. Волии Толибон бо пардохти 20 ҳазор доллар “тӯёна” бо духтари 16-сола издивоҷ кард
Дар ҳоле, ки роҳбари гурӯҳи террористии Толибон пардохти тӯёна ва чандҳамсариро манъ кардааст, яке аз волиёни ин гурӯҳ дар минтақаи Форёби Афғонистон, бо пардохти 20 ҳазор доллар тӯёна духтари 16- соларо ба никоҳи худ даровардааст. Ин бори сеюм аст, ки дар давоми чанд соли ахир волии Толибон издивоҷ мекунад.
Домулло Шоиб Рисолат, волии Толибон дар вилояти Форёб, ки 45- сола аст, духтари 16-соларо ба нигоҳи худ даровардааст.
Манобеи огоҳ аз вилояти Форёб ва Самангон ба расонаҳо гуфтаанд, ки ин бори сеюми издивоҷи Домулло Шоиб Рисолат аст. Издивоҷи аввали ӯ, қабл аз суқути ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта буд. Баъди бозгашти Толибон ба қудрат ӯ ду бори дигар низ издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби се ҳамсар аст.
Бар асоси иттилои расонаҳо, ҳар се ҳамсари Домуло Шоиб Рисолат сокинони Форёб мебошанд ва ҳар дуи онҳо бо пардохти маблағи бузург бо ӯ издивоҷ кардаанд. Шоиб Рисолат зодаи Гарзевони Форёб аст ва қабл аз фурӯпошии ҷумҳурӣ фармондеҳи худхондаи маҳаллии Толибон дар ин вилоят будааст. Як сокини вилоят гуфтааст, ки Шоиб Рисолат ахиран ҳамсари сеюми худро аз Форёб ба шаҳри Айбак – маркази Самангон бурда, ҳоло дар хонаи давлатӣ зиндагӣ мекунад.
Пас аз ин ки Толибон ба сари қудрат омаданд, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари Толибон Шоиб Рисолатро, ки яке аз фармондеҳони маҳаллӣ буд, нахуст ба ҳайси волии Ҷузҷон таъйин кард. Ин дар ҳолест, ки дигар фармондеҳони узбактабори калидии Толибон, аз ҷумла Салоҳиддин Аюбӣ, Махдум Олам ва дигарон дар вазифаҳои камаҳамияти дурдаст таъйин шуда буданд.
Шоиб Рисолат, қаблан волии вилояти Форёб буд. Моҳи майи соли 2024 аз сӯйи роҳбари Толибон волии вилояти Самангон таъйин гардид. Ӯ яке аз ашхоси наздик ба роҳбари Толибон дониста мешавад. Издивоҷи сеюмаш бо пардохти 20 ҳазор доллар дар ҳолест, ки Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқофи ин гурӯҳи террористӣ гирифтани тӯёнаро “хилофи шариат” эълон намуда, манъ карда буд.
Роҳбари Толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ рӯзи 19-уми март дар фармоне оид ба шеваи баргузории тӯй, азодорӣ ва бозгашт аз ҳаҷ гуфта буд, ки бояд аз исроф ва хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ шавад.
Дар фарҳанги суннатии Афғонистон оилаи домод дар вақти никоҳ вазифадор аст, ба хонаводаи арӯс маблағ пардохт кунад, ки онро тӯёна меноманд. Ин маблағ, ки одатан хеле зиёд аст, яке аз шартҳои асосии издивоҷ ба шумор рафта, аз сӯйи оилаи арӯс муқаррар мешавад.
Қаблан расонаҳо дар гузоришҳо аз издивоҷи сершумори мансабдорони баландмартабаи Толибон, аз ҷумла Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, Қорӣ Салоҳиддин Аюбӣ, Мавлавӣ Амонуддин Мансур ва дигарон бо духтарони 20-25 сола ишора карда буданд. Дар аксари ҳолатҳо фармондеҳон бо пардохти маблағҳои бузург духтарони ҷавонро ба издивоҷ водор кардаанд.
Гузоришҳои зиёде дар хусуси издивоҷҳои маҷбурии фармондеҳони Толибон бо духтарони ҷавон, аз ҷумла парвандаи таҷовузи Қорӣ Саид Хустӣ – сухангӯи пешини Вазорати дохилии гурӯҳи террористии Толибон, ба як донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ дар расонаҳо расвоиҳои ҷинсии ин гурӯҳи ба зоҳир “исломгароро” ошкор карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард