Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Трамп ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва Ғаззаро қатъ кард
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як иқдоми тоза ирсоли кумакҳои башардӯстона ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон, Сурия, Яман, Сомалӣ ва Ғаззаро қатъ кард.
Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ бо сарвазири Исроил Бенямин Натаняҳу гуфт, ки ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро, ки ҳоло таҳти идораи гурӯҳи террористии Толибон аст, қатъ мекунад.
“Мо аз муттаҳидони худ ҳимоят мекунем, на аз душманонамон” – афзуд Доналд Трамп.
Дар ҳамин ҳол, Рейтерз хабар дод, ки ҳукумати Доналд Трамп миқдори зиёди кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон, Яман, Сурия ва Ғаззаро қатъ кардааст.
Синди Маккейн, раиси Барномаи ҷаҳонии озуқа ҳушдор дод, иқдоми коҳиши фаврии кумакҳои башардӯстона метавонад барои миллионҳо нафар, ба мисли “ҳукми қатл” бошад, ки ба гуруснагии шадид рӯ ба рӯ мебошанд. Ӯ таъкид кард, ки дар хусуси ин масъала бо ҳукумати Доналд Трамп гуфтугӯ хоҳад кард.
“Коҳиши буҷет гуруснагиро шадидтар мекунад, бесуботиро афзоиш медиҳад ва ҷаҳонро ноамн месозад” – гуфт Синди Маккейн.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард