Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
“Дастагули 12-миллиона”. Як занро барои кандани гули лола ҷарима мекунанд
Дар ноҳияи Урдубоси вилояти Туркистони Қазоқистон як ҳолати ғайриқонунии ҷамъоварии гули лолаи шинилқирмизӣ (грейга) аз сӯи полис ошкор шуд. Аз рӯйи маълумот гули лолаи шинилқирмизӣ ба Китоби сурхи Қазоқистон ворид шуда ва кандану ҷамъоварии он мамнуъ мебошад.
Рӯзи якшанбе дар яке аз саҳроҳо занеро диданд, ки гули нодири шинилқирмизиро канда, қонунро вайрон кардааст. Нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Ҳоло ӯро ба андозаи 3000 нишондиҳандаи ҳисобӣ, наздик ба 12 миллион танга ҷарима ё ҷазо дар шакли корҳои ислоҳӣ ва ҷамъиятӣ таҳдид мекунад.
Дар фасли баҳор, ки мавсими гул аст, полиси Қазоқистон шабакаҳои иҷтимоиро ба таври ҷиддӣ назорат мекунад. Полис назорат мекунад, ки дар ин фасл сокинон даст ба харобкорӣ назананд. Фаъолони экологӣ низ барои ҳифзи олами набототи нодир ташаббусҳо нишон медиҳанд.
“Лолаи Грейга ба Китоби сурх дохил шудааст ва ҷамъоварии онҳо ба экосистема зарари ҷуброннопазир мерасонад, зеро ин растаниҳо бо тухм рушду нумуъ мекунанд, на аз тариқи пиёзакҳо. Тухмҳо метавонанд то ҳафт сол дар хок бошанд, то нашъунамо ёбанд ва кандани ғайриқонунии гулҳо боиси нестшавии онҳо мегардад” – навиштаанд, расонаҳои қазоқистонӣ.
Раёсати полиси вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ дод, шахсияти занеро, ки лолаи нодирро кандааст, мушаххас кардаанд. Вай сокини шаҳри Шимкент будааст. Ҳоло нисбати ӯ бо моддаи 339 - қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд