3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:57, Душанбе
07.04.2025 17:46

“Дер ё зуд Афғонистон метаркад ва Толибон бо ҷанги дохилӣ сарнагун мешаванд”

Андрей Серенко, раиси Маркази таҳқиқоти муосири Афғонистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки “дер ё зуд Афғонистон метаркад ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар оғоз хоҳад шуд”. Таҳлилгари рус гуфта, ки гурӯҳи террористии Толибон имрӯз фақат бо шарофати пуштибонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зинда мондааст.

Андрей Серенко дар посух ба суоли ин ки оё Толибон сарнагун мешаванд ё не гуфтааст, ки “ин гурӯҳ на бо пули Амрико ва на бо сари қудрат омадани Сироҷиддин Ҳаққонӣ, ки аз ӯ ҳимоят мешавад, наҷот намеёбад”.

Таҳлилгари рус гуфта, ҳамин ки ҷанги дохилӣ дар Афғонистон сар шавад, ҳама кишварҳо онҷоро тарк хоҳанд кард ва он замон Федератсияи Русия бояд дахолат кунад. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳоло Русия ба ин дурнамо фикр намекунад, зеро мушиклоти дигар вуҷуд дорад, ба мисли буҳрони Украина ва таҳримҳои байналмилалӣ.

Андрей Серенко, раиси Маркази таҳқиқоти муосири Афғонистон афзуда, ки Маскав бояд аз қабл барои таҳаввулоти ояндаи Афғонистон омода бошад.  Ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Московский комсомолетс” бо баёни ин ки набояд ҳама тухмҳоро дар як сабад тақсим кард, гуфт: “Русия бояд дар миёни ҷиноҳҳои гуногун дӯстони худро пайдо кунад, то ба воситаи онҳо манфиатҳои худро ҳифз намояд”.

Ӯ таъкид кард, Толибон аз ибтидои ба сари қудрат омадан талош намуданд, ки  ба таври мушаххас султаи  худро нигаҳ дошта, бо ҳам ба созиш расанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, ҳоло рақобот миёни ҷиноҳҳо шиддат мегирад ва “онҳо рӯз аз рӯз бештар аз якдигар нафрат доранд”.

Андрей Серенко дар идомаи суҳбати худ таъкид мекунад, ки муборизаи мусаллаҳона бар зидди Толибон низ дар ҳоли афзоиш аст. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва дигар ҷабҳаҳо дар минтақаҳое мубориза мекунанд, ки Толибон дар шаб аз берун баромадан метарсанд.

Ӯ мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад аз сарнагун шудани режими Толибон пешгирӣ кунад, то бесуботӣ ва таҳдидҳои нави амниятӣ ба вуҷуд наоянд.  Дар ғайри ин сурат, суоле ба миён меояд: кадом ниҳод метавонад созишномаи Давҳаро амалӣ кунад?

Ӯ Амрикоро сарчашмаи асосии таъмини гурӯҳи террористии Толибон номида, афзуд, ки вақте баъзеҳо мегӯянд Толибон Амрикоро берун карданд ва бо ин сабаб метавонанд муттаҳиди мо (русҳо) бошанд, “бароям ҷуз ханда чизе нест”.

Андрей Серенко ба ин назар аст, ки “Толибон аз нахли Амрико ғизо мегиранд  ва ҳеч кишвари дигар дар ҷаҳон ба андозаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Толибон ҳамкорӣ надорад”. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳукумати Толибон то дер давом намекунад ва ин ҳақиқат, ки онҳо сеюним сол боз ҳукумат мекунанд, маъние надорад.

Андрей Серенко бо ёдоварӣ аз ҳукумати коммунистон, ки 10 сол мубориза карду суқут намуд ва ҳукумати ҷумҳурият (Карзай ва Ғанӣ), ки 20 сол идома кард ва дар се рӯз сарнагун шуд, гуфт: “Дар мавриди Толибон ҳам ҳамин сарнавишт такрор хоҳад шуд”.

Раиси маркази таҳқиқоти Афғонистон Андрей Серенко афзуд, ки ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон машруияти қонунӣ надорад ва ҳеч кас онро интихоб накардааст. Ӯ бо ишора ба тасмими Маскав барои ҳазфи муваққатии гурӯҳи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ ва дар посух ба суоли ин ки оё ин ба манфиати Русия аст, гуфт: “Дар ин хусус шабҳа дорам”. Ӯ таъкид мекунад, ки бо ҳазфи Толибон аз ферҳристи гурӯҳҳои террористӣ наметавонем онро муттаҳид кунем. Ӯ мегӯяд, ки дар ин ҳолат, эҳтимол ҳамон бахше, ки бар зидди Толибон муқовимат мекунад ва аз ҳимояти Маскав умед дорад, ноумед шавад: “Ин на шамъе барои Худо ва на покер барои шайтон аст”.

Хабаргузориҳои давлатии Федератсияи Русия қаблан гузориш доданд, ки Прокуратураи кулли Русия аз Суди Олии ин кишвар хост, ки номи гурӯҳи Толибонро муваққатан аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф кунад. Тибқи иттилоъ Суди Олии Русия рӯзи 17-уми апрели соли равон ин дархостро баррасӣ хоҳад кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.