Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ҳабиб зид аст. Муҳорибаи Ислом Махачев ва Илия Топурия барпо намегардад
Сабаби барпо нашудани муҳориба миёни чемпони UFC дар вазни сабук Ислом Махачев ва довталаб Илия Топурия барои камарбанди чемпионӣ маълум шуд.
Генри Сехудо, собиқ чемпиони UFC дар ду вазн дар як мусоҳибааш ба расонаҳо гуфт, ки сабаби асосии баргузор нашудани муҳорибаи мазкур ин чемпиони пешини ташкилот Ҳабиб Нурмагомедов мебошад.
Ба қавли Генри Сехудо, Ҳабиб Нурмагомедов ба фикрест, ки на бояд ташкилоти UFC ба Илия Топурия, ки аз вазни нимсабук ба вазни сабук баромадааст, дарҳол муҳорибаи унвонӣ бидиҳанд ва аз рӯйи адолат мешавад агар ӯ дар аввал бо дигар ҷанговар биҷангад ва баъд барои камарбанди чемпионӣ.
Ӯ илова мекунад, ки чемпони UFC дар вазни сабук Ислом Махачев омодааст, ки дар дилхоҳ вақт бо дилхоҳ размкор биҷангад, вале дар бобати муҳориба бо Илия Топурия ба тавсияи Ҳабиб Нурмагомедов гӯш медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯи муҳорибаи Ислом Махачев ва Илия Топурия ду моҳи охир дар сархати расонаҳои варзишӣ қарор дорад ва ташкилоти UFC то ҳол доир ба шудан ё нашудани ин қувваозмоӣ эълони расмӣ накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”