3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:18, Душанбе
02.04.2025 13:50

Русия 6 “мағзи мутафаккир”–и ҳодисаи “Крокус”-ро аз Осиёи Марказӣ ҷустуҷӯ мекунад

Мақомоти Федератсияи Русия 6 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро ба гумони созмон додани ҳодисаи террористии “Крокус сити” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Мақомоти тафтишотии Русия гуфтаанд, ки ин шаш нафар “мағзи мутафаккир”-и ҳодисаҳои террористии “Крокус сити” мебошанд. Дар ин хусус, Светлана Петренко, намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст.

“Ташкили бевоситаи ҳодисаи террористиро 6 шаҳрванди Осиёи Марказӣ анҷом додаанд, ки баъзеашон бо тахаллусҳои гуногун амал мекарданд. Онҳо дар хориҷи кишвар қарор доранд, бинобар ин, ҳукми ғоибонаи боздошти онҳо содир шуда, дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд. Ин гумонбарон 4 нафар иҷрокунандагони ҳамла – Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Шамсиддин Фариддун ва Саидакрам Раҷабализодаро ҷалб намуда, онҳоро дар хориҷи кишвар омӯзиш додаанд” – гуфт Светлана Петренко.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи террористии хунин дар толори консертии “Крокус сити Холл”, воқеъ дар шаҳри Красногорск, рӯзи 22-уми марти соли 2024 рӯх дод. Террористон вориди толори консертӣ шуда, ба сӯйи мардум тирпаронӣ намуданд. Баъдан аз толори консертӣ берун шуда, онро оташ заданд. Ин ҳодисаи террористӣ пурталафотарин ҳодиса дар чанд соли ахир буд. Дар пайванд ба ин ҳодиса афроди зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошт шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.