3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:16, Душанбе
20.03.2025 12:08

Русия то ба ҳол омода нест Толибонро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кунад

Бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Кремлин, Русия то ба ҳол омода нест, ки гурӯҳи террористии Толибонро аз рӯйхати ташкилотҳои террористӣ хориҷ кунад. Тақрибан ду моҳ қабл, Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия фармонеро имзо кард, ки тибқи он ҳузури Толибон дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ муваққатан бозбинӣ карда мешавад.

Бархе мақомот дар Маскав ба расонаҳо гуфтаанд, ки бо вуҷуди содир шудани ин қарор, нигарониҳои Владимир Путин дар хусуси гурӯҳи террористии Толибон то ба ҳол пурра бартараф нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Андрей Руденко, муовини Вазири корҳои хориҷии Русия моҳи гузашта гуфт, раванди аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ намудани Толибон “замонгир” аст.  Ӯ дар робита ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон низ гуфта буд, ки Маскав дар ин самт “шитоб намекунад”.

Тибқи фармоне, ки Владимир Путин дар моҳи январи соли ҷорӣ содир кард, хориҷ намудани исми як гурӯҳи террористӣ аз рӯйхати ташкилотҳои манъшуда метавонад бо қарори додгоҳ ва бо дархости прокурори Русия ё муовини ӯ муваққатан сурат гирад.

Ёдовар мешавем, ки Суди Олии Русия 14-уми феврали соли 2003 Толибонро ҳамчун як ташкилоти террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди ин кишвар манъ карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.