3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:16, Душанбе
19.03.2025 15:57

Тамоси тӯлонии Путин ва Трамп. Аз оташбаси 30-рӯза, қатъи ҳамла, табодули асирон то баҳси Эрону нобудии Исроил

Дар тамоси тӯлонии телефонии Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ва Доналд Трамп дар рӯзи 18-уми март масъалаи қатъи ҷанг, озод намудани асирон ва қабули оташбаси 30-рӯза мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои расонаҳо Владимир Путин дар суҳбат бо Доналд Трамп қабул кард, ки дар муддаи 30 рӯз ҳамлаҳои низомӣ ба инфрасохтори энергетикии Украинаро боз дорад. Дар муқобил Украина низ дар муддати 30 рӯз ҳамлаҳои низомӣ ба инфрасохтори энергетикии Русияро боз медорад.

Расонаҳо навиштанд, ки роҳбарони ду кишвар дар ҷарёни гуфтугӯ масъалаи табодули асиронро низ баррасӣ намуда, ба созиш расиданд. Гуфта мешавад, ки Владимир Путин ва Доналд Трамп дар хусуси масъалаи Эрон низ суҳбат анҷом додаанд. Роҳбарони ду кишвар тавофуқ кардаанд, аз расидан ба сатҳе, ки Эрон битавонад Исроилро таҳдид кунад, пешгирӣ кунанд.

Суҳбати 90 дақиқаии телефонӣ

Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия тақрибан 90 дақиқа гуфтагӯ намуданд. Дар ин суҳбати телефонӣ асосан масъалаҳои вобаста ба ҷанги Украина ва Русия баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои расмӣ ду кишвар дар бораи қатъи 30-рӯзаи ҳамлаҳо ба инфрасохтори энергетикӣ дар ҷанги Украина ва Русия ба созиш даст пайдо намуданд. Ба ин созиш Украина низ розӣ шудааст.

Ҳоло ду кишвар дар мавриди эълони оташбаси умумӣ ба созиш нарасидаанд, вале созишҳои ҳозира метавонанд заминаи як оташбаси пойдор дар оянда гарданд. Кохи сафед ҳанӯз дақиқ накардааст, ки ин иқдом аз кай амалӣ мешавад.

Табодули асирон ва музокира дар бораи амнияти Баҳри Сиёҳ

Бар асоси иттилои Кремл, рӯзи чоршанбе - 18-уми март 175 асири ҳарбӣ аз ҳар ду ҷониб озод мешаванд.

Кремл иттилоъ медиҳад, ки Владимир Путин “ба таври созанда” ба пешниҳоди Доналд Трамп дар мавриди иҷрои як ташаббуси амнияти баҳрнавардӣ дар Баҳри Сиёҳ вокуниш нишон додааст. Дар ҳоли ҳозир аз сӯйи Украина ягон вокуниш сабт нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Каролин Левитт, сухангӯи Кохи сафед дар шабакаи иҷтимоии “X” навиштааст, ки ду президент дар мавриди “созиши муваққатӣ оид ба қатъи ҳамла ба инфрасохторҳои энергетикӣ” ва оғози гуфтугӯҳо оид ба оташбаси баҳрӣ дар Баҳри Сиёҳ мувофиқа карданд.

Ӯ илова кард, ки “музокироти минбаъда барои расидан ба оташбаси комил ва сулҳи пойдор” ба зудӣ дар яке аз кишварҳои Ховари Миёна шуруъ мешаванд.

Талош барои беҳтар намудани муносибатҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ

Дар изҳороти Кохи сафед омадааст, ки “Иёлоти Муттаҳида ва Русия мақсад доранд муносибатҳои худро беҳтар созанд”. Дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки созишҳои васеъи иқтисодӣ ва таъмини суботи геополитикӣ дар сурати ба роҳ мондани сулҳ ин равандро дар бар мегирад.

Вале мақомоти Маскав гуфтаанд, ки ҳоло ҳам “нуқтаҳои норавшан” вуҷуд доранд ва “музокироти бештар лозим аст”. Ду раҳбар розӣ шудаанд, ки дар тамос бошанд ва гурӯҳҳои кориро барои таҳияи созишҳо таъсис диҳанд.

Кирилл Дмитриев, намояндаи махсуси Русия дар умури иқтисодӣ ва сармоягузории байналмилалӣ пас аз суҳбати телефонӣ изҳор дошт, ки “ҷаҳон таҳти роҳбарии Доналд Трамп ва Владимир Путин имрӯз хеле амнтар шудааст”.

Яке аз шартҳои эҳтимолӣ: қатъи ирсоли силоҳ ба Украина

Хабаргузории “Блумберг” дар ҷараёни тамоси телефонии президентҳои Русия ва Амрико гузориш дод, ки Путин қатъи комили ирсоли силоҳи амрикоӣ ба Украинаро ҳамчун шарти эълони оташбаси 30 – рӯза пешниҳод намудааст.

Расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки ҳадди ақал талаботи Путин ин аст, ки Трамп кумаки низомии Амрико ба Украинаро боз дорад.

Мавқеи Украина пеш аз тамоси телефонии Путин ва Трамп

Қабл аз тамоси телефонии Владимир Путин ва Доналд Трамп Украина аллакай розигии худро барои эълони оташбас баён карда буд. Тими музокиракунандаи Украина баъди қатъ шудани ирсоли силоҳ ва пуштибонии иттилоотии Амрико масъалаи оташбаси 30-рӯзаро қабул карда буд.

Ин дар ҳолест, Русия таъкид мекунад, ки ҳанӯз “масоили ҳалнашуда” вуҷуд доранд ва бояд баррасӣ шаванд.

Баҳси Ҷумҳурии Исломӣ ва нобудии Исроил

Баъди гуфтугӯи телефонии  роҳбарони ду кишвар Кохи сафед иттилоъ дод, ки Трамп ва Путин дар ҷараёни суҳбати телефонӣ дар бораи масъалаҳои минтақаӣ, аз ҷумла Эрон гуфтугӯ кардаанд.

Президентҳои Амрико ва Русия ба тавофуқ расидаанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон “ҳеч гоҳ набояд дар мавқеъе қарор гирад, ки қодир бошад Исроилро нобуд кунад”.

Кохи сафед таъкид кардааст, ки роҳ надодан ба густариши силоҳҳои стратегӣ яке аз мавзуъҳои муҳимми гуфтугӯ буд ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия қасд доранд бо ҷонибҳои дигар барои татбиқи васеътарини ин ҳадаф ҳамкорӣ кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.