Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Тоҷикистонро дар «Tbilisi Grand Slam 2025» киҳо намояндагӣ мекунанд?
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз 21-ум то 23-юми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо «Tbilisi Grand Slam 2025» доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2025» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт варзишгар иштирок мекунанд. Дар умум, то ҳол 403 варзишгар (228 мард ва 175 зан) аз 53 давлат барои иштирок номнавис шудаанд.
Бо ҳамин тартиб, Тоҷикистонро дар «Tbilisi Grand Slam 2025» Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Магомед Фармонбеков (-66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (-73 кг), Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-81 кг), Бахтиёр Бозоров (-81 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг) ва Муҳсин Малаев (-100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида хоҳанд шуд. Инчунин, варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”