3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:15, Душанбе
18.03.2025 09:17

Владимир Путин: “Дар Русия 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд”

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин гуфт, ки тақрибан 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият мекунанд ва дар рушди иқтисоди ин кишвар саҳми бузург доранд.

Владимир Путин дар нишасти муштараки матбуотӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Федератсияи Русия яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳаҷми тиҷорати кишварҳо дар давоми 1 соли ахир ба 1,6 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

“Ҳама хуб медонанд, ки дар Русия тақрибан 1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар бахшҳои бо суръат рушдёбанда, ба мисли сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва логистика фаъолият доранд ва саҳми назаррас дар рушди иқтисодиёти Русия мегузоранд” – таъкид кард Владимир Путин.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 17-уми март дар сатҳи васеъ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни ин мулоқот як қатор созишномаҳои муҳимми байнидавлатӣ ба имзо расид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.