


Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?

Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд

Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд

Ҷозибаҳои табиат ва таърихи Хатлон дар соли 2025 беш аз ним миллион гардишгарро ҷалб кардааст
Баҳриддини Сабур: “Машҳур шудан осон аст, вале на ҳар кас маҳбуб мешавад”
Ҳоло фазову муҳити шабакаҳои иҷтимоӣ барои эҷодкорон чӣ гуна аст? Сабаби аслии сертамошобин будани силсилафилмҳои ютубӣ дар чист? Чаро таҳияи саҳнаҳои тарбиявӣ дар интернет муҳим аст? Барои чӣ ҷавонон бояд ба ҷойи блогер шудан касби мувофиқу бозоргир омӯзанд? Ба ин ва дигар саволҳои Dialog.tj журналист, продюсер ва созандаи силсилафилмҳои “Қасри ғам” ва “Санге ба гӯри Лайлӣ”, пешбарандаи саҳифаи “Peshsaf TV” Баҳриддини Сабур посух дод.
МУҲИТИ ЭҶОДӢ ХУБ АСТ
- Чун мо дар моҳи шарифи Рамазон қарор дорем, ин моҳ барои бархеҳо моҳи серкорӣ ва барои бархеи дигар моҳи истироҳату бекорист. Лутфан, мегуфтед, ки Шумо ҳоло банди кадом корҳоед?
- Одатан ҳамасола дар моҳи шарифи Рамазон кори эҷодӣ намекунам, балки истироҳат карда, кӯшиш мекунам, бо қувваи нав ва фикрҳои ҷадид пас аз моҳи муборак ба кор баргардам.
- Имрӯзҳо дар бораи чӣ фикр мекунед, бо киҳо дар муоширатед, чӣ мушкилот доред ва чӣ нақшаҳо доред?
- Ростӣ, қариб ки, фикр намекунам, зеро тамоми солро бо фикр кардан мегузаронам. Ҳоло бештар бо ҳамкорон дар муоширатам. Худоро шукр, ягон мушкилоти ҷиддӣ надорам. Тавре гуфтам, ба корҳои эҷодӣ баъдтар бармегардам.
- Ҳоло дар кишвари мо шароит барои эҷодкорон то кадом андоза мусоид аст?
- Тавре мушоҳида мешавад, эҷодкорон дар талошанд ва ҳар яке мехоҳад беҳтарин кори эҷодияшро пешниҳоди ҳаводорони ҳунар гардонад. Ва ин талошҳову маҳсули эҷоди зиёди эҷодкорон гувоҳи он аст, ки шароит ва муҳити эҷодиамон бисёр хуб аст.
СИЛСИЛАФИЛМҲО БАРОИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ
- Дар ҳоли ҳозир дар фазои маҷозӣ машҳур шудан осон аст, ҳатто бо наворҳои баду бемазмун ҳам, аммо на ҳар кас маҳбуб шуда метавонад. Чун шумо ҳам машҳуру ҳам маҳбуб ҳастед, бигӯед, ки ин маҳбубиятро чӣ гуна ба даст овардед?
- Мутаассифона, чунин аст. Яъне айни ҳол метавон дар миёни як шабонарӯз бо наворе, ки дур аз мантиқу одобу ахлоқ аст, машҳур шуд. Боз бадии кор дар он аст, ки бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чунин нафаронро дастгирӣ намуда, барои бештар тамошобин пайдо кардани онҳо мусоидат мекунанд. Шахсан ман аз дидани наворҳои бемантиқу кӯчагӣ шарм мекунам ва барои ояндаи насли наве, ки ба дунболи ин наворсозони кӯчагӣ равонанд, хеле нигаронам. Аммо дар ин миён, хушбахтона, рӯз аз рӯз ба фазои маҷозӣ эҷодкорони ҳирфаӣ омада истодаанд ва то андозае барои беҳбудии мазмуни матолиби интернет саҳм мегузоранд. Дар ин росто, ман ҳам кӯшиш мекунам, ки бо наворҳои хубу таъсирбахш ба мардум хизмат кунам. Дар бобати маҳбубият бошад, чизе гуфта наметавонам, зеро одамро пулу мол ба дили одамон ҷой карда наметавонад, мардум худаш маҳбубро интихоб мекунад.
- Чанд сол пеш барои шабакаҳои иҷтимоӣ филм сохтан барои мо афсона менамуд, аммо ҳоло муд шудааст. Шумо ҳамчун созандаи чанд филми сертамошобин бигӯед, ки чӣ гуна тасмими филмсозӣ дар фазои маҷозиро гирифтед?
- Пеш аз оне, ки барои Ютуб силсилафилм созаму пешниҳод кунам, аз таҳияи филмҳои «Меҳроб» (соли 2009) ва «Баъд аз ғуруб» (соли 2012) каме ҳам бошад таҷриба гирифтам ва баробари фаъол кардани саҳифаи шахсиам дар Ютуб бо номи “Peshsaf TV” тасмими таҳияи филмҳои маърифатию ахлоқӣ пайдо шуд ва корро оғоз кардам.
- Силсилафилмҳои сохтаи шумо "Қасри ғам" ва "Санге ба гӯри Лайлӣ" миёни мардум хеле маъруф шуда, миллионҳо тамошобин доранд. Ба андешаи худатон чаро мардум онҳоро ин қадар хубу наздик қабул карданд?
- Фикр мекунам, муҳтавои онҳо ба мардум шинос аст. Яъне, муносибатҳои оилавӣ ва бархе нофаҳмиҳову ноҷуриҳо ва оқибат хушиҳову дастовардҳо қисме аз зиндагии мо ҳастанд. Чун дар силсилафилмҳои ман гардишҳои рӯзгор инъикос ёфтаанд, мардум тамошо мекунанд ва итминон дорам, ки барои худ чизе мегиранд, зеро мақсади мо ҳам маҳкум кардани бадӣ ва талқини некӣ аст.
- Тавре ҳоло маълум аст, Ютуб аз ҳисоби тамошобинон пул намедиҳад, бигӯед, ки хароҷоти филмҳоятонро, ки дар онҳо ҳунармандони ҳирфаӣ нақш меофаранд, чӣ гуна мепӯшонед?
- Сараввал бояд бигӯям, ки ман дар ягон кори эҷодиям интизори фоида набудам ва барои фоида ҳам кор накардаам. Балки ҳамеша кӯшиш мекунам, барои сифати баланд ва нафъ расонидан ба ҷомеа кор кунам. Дар мавриди хароҷот бошад, бо сарпарастон ҳамкорӣ мекунам. Бовар кунед, аз сарпарастон ҳамон пулеро мегирам, ки барои филм лозим аст, зиёдатӣ не.
- Агар мазмунан баҳо диҳем, филмҳои сохтаи шумо оҳанги ғам доранд. Чаро?
- Ман кӯшиш мекунам, ки сенарияҳо аз мушоҳидаҳову шунидаҳоям берун набошанд ва дар корҳои эҷодиам хеле кам образҳои хаёлӣ мемонам. Ва фикр мекунам, яке аз сабабҳои пурбинанда шудани филмҳои таҳиякардаам ҳамин аст, ки сохтакорӣ надоранд. Дар масъалаи оҳанги ғам доштани онҳо бошад, пас, маълум мешавад, ки зиндагии мо чунин оҳанг ҳам дорад, яъне рӯзгор танҳо аз хушиҳо иборат нест.
- Силсилафилми "Санге ба гӯри Лайлӣ" ҳамноми китоби таронаҳои журналисти шинохта Хуршед Атовулло аст. Оё дар ин бобат бо он кас суҳбат доштед?
- Китоби таронаҳои устодро ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ мутолиа намудам ва номи ин китоб, ки марбут ба як таронаи зебояшон аст, хеле писандам омада буд. Ва бо гузашти 15 сол филмеро банавор гирифта номашро «Санге ба гӯри Лайлӣ» гузоштам. Албатта, қабл аз банаворгирии филм яке аз шогирдони устод Хуршед Атовулло аз эшон иҷозаи сабт гирифтанд. Дар филм ҳам номи устод қайд шудааст.
- Дар баробари филмсозӣ, ба таҳияи саҳнаҳои тарбиявӣ низ машғулед. Бигӯед, ки дар ин кор мақсади шумо чист ва оё ба хостаҳоятон расидед?
- Ҳадаф аз таҳияи чунин наворҳо нишон додани зиндагии кунунии насли ҷавон ва махсусан, муносибату мушкилоти ҳаррӯзаи онҳо аст, то ки бубинанду чизе барои худ бигиранд.
- Шумо фикр мекунед, ки мардум, махсусан, ҷавонон ба саҳнаҳои тарбиявӣ ниёз доранд?
- Сад дар сад ниёз доранд. Мутаассифона, имрӯз дар фазои маҷозӣ наворҳои бемантиқу беҳадаф хеле зиёд шудаанд ва таҳияву пешниҳоди наворҳои тарбиявӣ ба фоидаи мардум аст.
"БОНУИ ПУРҲУНАР"
- Шумо барномаи машҳур ва сернамошобин доред бо номи "Бонуи пурҳунар". Дар барномаи мазкур духтарони шаҳрӣ кӯшиш мекунанд, ки корҳои деҳотро анҷом диҳанд. Чӣ гуна онҳо барои иштирок дар барнома розӣ мешаванд?
- "Бонуи пурҳунар" яке аз барномаҳои сербинандатарини кишвар аст, ки бо иштироки духтарони шаҳрӣ ва чеҳраҳои шинохтаи интернет таҳия мегардад. Дар мавриди даъвати меҳмонон бояд бигӯям, ки бештари вақт барои иштирок худашон пешниҳод мекунанд. Ва боз ҳастанд мавридҳое, ки худам даъват мекунам ва шукр, ки омада иштирок мекунанд ва барномаҳои ҷолиб пешниҳод менамоем.
- Тавре мебинем, иштирокчиёни барномаи шумо баъзан аз уҳдаи корҳои деҳот, аз қабили говдӯшӣ, алафдаравӣ ва ғайраҳо хуб намебароянд ва ғазабӣ мешаванд. Бигӯед, ки оё дар ин барнома сохтакорӣ ё зиёднишондиҳӣ ҷой дорад?
- Не, тамоман ба ин роҳ намедиҳем. Ҳатто мо саҳнаҳоро ду бор сабт намекунем ва инро ҳамаи иштирокчиён медонанд. Ман ба фикре ҳастам, ки сохтакорӣ сифати корро кам мекунад.
АЗ КАШФИ ЯК ИСТЕЪДОД ТО ТАВСИЯ НАДОДАН
- Шумо дар рушди шахсӣ ва касбии блогер ва ҳунарпешаи шинохта Гулноза Хоҷаева, ки ҳоло дар филми "Хусури ман" нақши асосиро иҷро мекунад, саҳм доред. Яъне, дар бораи рӯзгори пасипардагиаш барнома кардед ва ба ин васила шинохта шуд. Ҳамин корро чӣ хел кардед ва оё ин хизмати шуморо ӯ медонад?
- Гулноза Хоҷаева чанд сол пеш бо ман тамос гирифт ва гуфт, ки 21 сол мешавад, модарашро меҷӯяд ва доир ба рӯзгораш барномае таҳия кунем, то ки кумаке шавад. Мо барнома кардем ва тақрибан 10 рӯз баъди пахши барнома модараш пайдо гардид. Мо ба дидори модараш рафтем ва ин ҳолати хеле ҳассосро сабт кардем, аммо модараш дар аввал иҷозати пахшро надод. Бо гузашти 3 моҳ мо розигии ӯро гирифтему наворро пахш кардем ва хазорон нафаре, ки барои Гулноза нигарону ғамгин буданд, ором шуданд. Гулноза имрӯз бо мо муносибати хуб дорад ва ҳамарӯза дар тамос ҳастем.
- Ҳамчунин, дар Ютуб мусоҳибаҳои хуб ҳам таҳия мекунед, аммо бо тартиб ва вақти муайян нашр намешаванд, чаро?
- Рости гап, ман вобаста ба хоҳиши худам барнома месозаму пахш мекунам. Ҳар вақте ки рӯҳияам хуб бошаду майли эҷодӣ дошта бошам, ҳамон вақт кор мекунам, зеро кори эҷодиро маҷбурӣ карда намешавад.
- Шумо аз ҷумлаи фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастед, ки аз имконоти фазои маҷозӣ бисёр хуб ва ба фоидаи мардум истифода мекунед. Ба онҳое, ки нав ба ин роҳ қадам монданӣ ҳастанд, чӣ тавсия медиҳед?
- Аслан, дар фазои маҷозӣ фаъолият кардан касб нест. Ман, ки ихтисосам рӯзноманигорӣ ҳасту мактаби телевизионро гузаштаам, дар ин фазо аз рӯи соҳаи худам фаъолият мекунам. Яъне, гуфтанӣ ҳастам, ҳар наврасу ҷавоне, ки телефон ба даст мегираду дар фазои маҷозӣ навор таҳия мекунад, шояд аз рӯи ҳавову ҳавас бошад ва дар навбати худ ман тавсия намедиҳам, ки ин роҳро интихоб кунанд. Беҳтар аст, касбҳоеро омӯзанд, ки бозоргиранд ва ба воситаи онҳо барои мардуму давлат хизмат кардан мумкин аст.
- Тавре ишора кардед, шумо таҳсилкардаи риштаи рӯзноманигорӣ ҳастед ва замоне дар телевизиони “Сафина” фаъолият мекардед. Ҳоло нияти бозгашт ба телевизионро надоред?
- Не, нияти бозгашт ба телевизионро надорам. Тамоми корҳои эҷодиамро дар Ютуб пахш мекунам.
- Оё намешавад, ки барномаи "Бонуи пурҳунар"-ро дар ягон шабакаи телевизионӣ таҳия кунед?
- Агар ба формати телевизионҳо мувофиқ бошад, ман барои пахшаш зид нестам.
- Ташаккур барои суҳбати ошкоро.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Хатти хабарҳо
Пизишкиён ба Шурои Аврупо ҳушдор дод: “Ҳамла ба Эрон бо посухи “қатъӣ ва пушаймонкунанда” рӯ ба рӯ хоҳад шуд”
Кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ. Аз корҷӯёни тоҷик чӣ талаб карда мешавад?
Чор голи беҷавоби “ПСЖ”. Оё “Реал Мадрид” аз ин бозӣ дарс мегирад?
Муборизаи беамони полис бар зидди фолбину ҷодугарон. 90 нафар ба “панҷаи қонун” супурда шуданд
