3 Ноябр 2026,
сешанбе, 17:17, Душанбе
14.03.2025 13:17

Коршиноси чинӣ: “Сиёсати тамаъҷӯёнаи Амрико монеи ҳалли масъалаи атомии Эрон аст”

Як коршиноси Чин дар пояи мулоқоти сеҷонибаи Эрон, Чин ва Русия оид ба масъалаи атомии Эрон гуфтааст, ки сиёсати тамаъҷӯёнаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико монеаи аслӣ дар ҳалли масъалаҳои атомии Эрон аст.

Лю Ҷунгмин, коршиноси масъалаҳои Ховари Миёна дар суҳбат бо рӯзноманигор ба набуди эътимоди дуҷониба миёни Теҳрону Вашингтон таъкид кард, ки Амрико бо пеш гирифтани сиёсати тамаъҷӯёна мехоҳад аз Эрон имтиёзҳои бештар гирад, вале Теҳрон дар мавқеи худ устувор боқӣ мондааст.

Коршиноси чинӣ таъкид кардааст, дар шароити феълӣ авлавияти асосӣ пеш гирифтани роҳкори ором ва боэҳтиёт аз ҳама ҷонибҳо барои мудирияти ин масъала мебошад ва сиёсати тамаъҷӯӣ ё иқдомҳои якҷониба мушкилотро ҳал нахоҳад кард.

Ин дар ҳолест, Мао Нинг, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, рӯзи чоршанбе эълон намуд, ки Ҷао Шу, муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи ҷумъа барои баррасии масъалаи атомии Теҳрон мизбони Сергей Риябков, муовини Вазири корҳои хориҷии Русия ва Козим Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазири корҳои хориҷии Эрон хоҳад буд. Ӯ дар остонаи нишасти сеҷонибаи Чину Русия ва Эрон аз ҳалли дипломатии масъалаи атомии Теҳрон ҳимоят намуда, ҳама ҷонибҳоро ба хештандорӣ даъват намуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.