Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Вакилу публисисти рус: “Додани хона ба муҳоҷирон манъ карда шавад”
Дар Думаи давлатии Федератсияи Русия масъалаи додани сертификати манзил ба муҳоҷироне, ки ба наздикӣ шаҳрвандии ин кишварро ба даст овардаанд, баррасӣ мешавад. Ин иқдом дар ҳоле гирифта мешавад, ки чанде қабл соҳиби манзили ройгон шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар расонаҳои Русия баҳсбарангез шуд.
Тибқи иттилоъ, бар асоси пешниҳоди нав фақат ба шахсоне, ки беш аз 10 сол соҳиби шиносномаи Русия мебошанд ё оилаҳое, ки яке аз онҳо дар ин кишвар таваллуд шудаанд, ба гирифтани манзили ройгон ҳақ хоҳанд дошт. Дар ин хусус, вакили Думаи давлатӣ Михаил Матвеев ба хабарнигорон иттилоъ додааст.
Расонаҳои Русия навиштанд, баҳсе, ки дар Хабаровск дар хусуси тақсими сертификатҳои манзил барои оилаҳои серфарзанд ба вуҷуд омад, боиси ҷорӣ намудани қоидаҳои нав барои дарёфти кумакпулӣ гардид.
“Тибқи омор, аз 792 оилае, ки сертикифат гирифтаанд, тақрибан 20 фоизи онҳо аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз омадаанд, ҳарчанд 95 фисад аҳолии шаҳрро русҳо ё дигар халқҳои бумӣ ташкил медиҳанд. Мавридҳои монанд дар шаҳрҳои дигари Русия, аз ҷумла Митиши ва Нижнекамск низ сабт шудаанд” – менависанд расонаҳои Русия.
Вакили Думаи давлатӣ Михаил Матвеев таъкид кардааст, баъзе аз оилаҳое, ки сертификат гирифтаанд, камбағал набудаанд. Онҳо тоҷирон, кормандони марказҳои мазҳабӣ ва шахсоне будаанд, ки дар парвандаҳои мақомоти тафтишотӣ номбар шудаанд.
Ӯ пешниҳод мекунад, ки барои гирифтани сертификат ҳадди ақал яке аз волидайн шаҳрвандии Русияро аз рӯи таваллуд дошта бошад ва ё муҳлати зиндагиаш дар ин кишвар на кам аз 10 сол бошад. Ин вакил таъкид кардааст, ки ин масъала бояд дар сатҳи федералӣ ҳал шавад, зеро бисёре аз шаҳрвандони Русия ба манзил ниёз доранд ва дар шароити бад зиндагӣ мекунанд.
Вакили дигари Думаи давлатӣ Бийсултан Ҳамзаев пешниҳоди Михаил Матвеевро дастгирӣ намуда, таъкид кард, ба шаҳрвандоне, ки дар Русия таваллуд шудаанд, барои гирифтани кумакҳои иҷтимоӣ ва манзил афзалият дода шавад.
Расонаҳои русӣ навиштанд, бо вуҷуди ин ки масъалаи мазкур норозигии ҷамъиятро ба вуҷуд овардааст, ҳукуматҳои маҳаллӣ тақсими сертификатҳоро идома медиҳанд. Қисми зиёди муҳоҷирон бо кумаки диаспораҳо ҳуҷҷатҳои лозимиро ба даст оварда барои гирифтани манзил ба мақомот месупоранд.
Як публисисти рус Роман Антоновский гуфтааст, ки баъзе муҳоҷирон фақат бо мақсади гирифтани имтиёзҳо ба Русия меоянд. Ӯ аз як маврид ёдоварӣ мекунад, ки шаҳрдории Митиши ба як оилаи фиребгар аз Тоҷикистон хона додааст. Ӯ пешниҳод кардааст, ки рӯйхати халқҳои бумии Русия таҳия шавад ва ҳамаи имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сертификати манзил фақат ба онҳо дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд